ФАРЗАНДИ ДОНИШГОҲ

ФАРЗАНДИ ДОНИШГОҲ
Ӯро метавон фарзанди ҳақиқии донишгоҳ номид, зеро аз донишҷӯӣ сар карда то имрӯз 52 соли ҳаёти пурбаракаташро дар алоқамандӣ бо ин даргоҳи муқаддас паси сар намудааст. Кайҳо боз ба ӯ одат гаштааст: ҳар саҳар хеле барвақт бо дилу гарму андешаҳои тоза роҳи коргоҳашро пеш мегирад. Раҳораҳ бо одамони зиёде, ки бо меҳру ихлоси махсус ба ӯ «салом, устод» гӯён вохӯрӣ мекунанд, рӯ ба рӯ мегардад. Якеро мешиносаду дигареро не, вале аниқ медонад, ки «дӯстони ношиносаш» ҳам аздусар шогирдони солҳои пешин ва ё касонеанд, ки кадом вақте аз ёрию маслиҳат ё дастгириаш бархурдор гаштаанд. Инро барои худ ифтихори баланд меҳисобад. Боре марди ношиносе сари роҳ бо меҳру ихлос ба ӯ вохӯрӣ намуда, гаштаю баргашта миннатдориашро иброз медошт. Устод ҳайрон-ҳайрон ба дӯсти сарироҳиаш нигоҳ карда, интизор буд, ки асли воқеа хоҳу нохоҳ худ ба худ рӯ мезанад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Марди ношинос оқибат воқеаи чанд сол пеш гузаштаро ба хотири Саид Сафарович овард.
Маълум гашт, ки даҳ сол пеш духтари ӯ тариқи имтиёз аз минтақаи дурдасти Рашт ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуда, азбаски заминаи мактабиаш чандон устувор набуд, дар ду семестри аввал ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мегардад. Падар мушкилоти зиёди ба сари фарзандаш омадаро дида, мақсад мегузорад, ки ҳуҷҷатҳояшро пас гирифта, аз баҳри таҳсили минбаъдааш гузарад. Бо ин мақсад ба утоқи кории Саид Сафарович, ки он вақт вазифаи муовини ректор оид ба таълимро ба ӯхда дошт, медарояд. Устод суханони падарро то охир гӯш дода ва аз мақсади ӯ огаҳ гашта, баъди каме таҳаммул мегӯяд:
-Медонӣ чӣ, бародари азиз, фарзандро соҳибмаълумот кардан кори ҳар кас нест, бисёр иқдоми неке пеш гирифтаед, ки аз пайи донишандӯзии духтаратон ташвишу саргардонӣ мекашед. Ман аз рафти давомоти фарзанди Шумо хуб огоҳ ҳастам. Дар ҳақиқат таҳсил дар Донишгоҳи тиббӣ барои ӯ мушкилии ҷиддӣ пеш овардааст, вале ба ин нигоҳ накарда давоми як сол аллакай ӯ хеле чизҳои муҳимро аз худ намудааст. Агар шумо розӣ бошед, мо духтаратонро ба Коллеҷи тиббӣ интиқол медиҳем ва боварӣ дорам, ки дар он ҷо бе ягон мушкилӣ таҳсил намуда, соҳиби касби ҳамшираи шафқат мешавад ва оянда аз рӯи ҳамин касб ба мардум хизмат мерасонад. Падар баъди каме андеша розӣ шуд ва бо ёрии Саид Сафарович чанде нагузашта духтаракро ба Коллеҷи тиббӣ интиқол доданд. Таҳсили чорсола ҳам аз рӯи гуфти падар бомуваффақият паси сар гашту фарзанди ӯ коллеҷро бо сари баланд хатм кард. Ва инак чанд сол боз ҳамчун ҳамшираи шафқат дар яке аз бунгоҳҳои тиббии маҳали зисташ фаъолият дораду хурду калони деҳа ӯро иззату эҳтиром менамоянд ва зиндагиаш ҳам аз рӯи ҳамин касб бо маҷрои муқаррарии худ пеш меравад.
-Агар ҳамон вақт маслиҳату дастгирии Шумо намебуд, ман аздусар духтарамро баргардонида ба деҳа мебурдаму намедонам тақдири ояндаи ӯ чӣ мешуд, -вақти хйрухуш боз як бори дигар миннатдорона дастони Саид Сафаровичро фишурда хотиррасон гашт, шиноси сарироҳӣ.
Бале, С.С.Қурбонов табиатан марди дурандеш ва соҳибтадбир аст. Ҳамеша ба зиндагӣ нигоҳи гарм дорад ва дар кадом лаҳзае, ки набошад, кӯшиш мекунад, ки таноби рӯзгори пурмоҷароро дар дасти худ мустаҳкам ва огоҳона нигоҳ дорад. Борҳо аз дӯстонаш шунидааст, ки зимни суҳбатҳои хоса хайрхоҳона ба ӯ ёдовар мешаванд:
-Аз Шумо, Саид Сафарович, ҳамчун омӯзгору таҳқиқотчӣ бисёр чизҳоро омӯхтан мумкин, вале илова ба ҳамаи ин боз ба як хислати азалиатон ҳасад набурдан ҳеҷ мумкин нест. Шумо ҳеҷ гоҳ аз мушкилоти зиндагӣ, кору рафтори ноҷои дигарон, ноҷуриҳои ҳаррӯзаи кору фаъолият ба ҳамсуҳбататон шикоят намеоред. Мумкин аз ҳамин ҷиҳат аст, ки суҳбататон ба дигарон ҳаловат бахшида, боиси оромии рӯҳу равон мегардад. Ин лаҳзаҳо чеҳраи нуронии ӯро табассуми одатиаш пур мекунад ва гӯё гуфтанӣ мешавад: шикоят кори беҳунарон ва камхирадон аст. Зеро дар ин дунё ҳар ки худ барои худ ҷою мавқеъ омода месозад. Бо дили тангу нигоҳи тира ба дили дигарон ҷо ёфтан корест ношуданӣ. Худованд ба инсон ҳама хислатҳоро додааст: ҳам хубу ҳам бад, вале афсӯс, ки бисёриҳо ҷиҳатҳои некро дар одами дигар дида наметавонанд, балки танҳо камбудию норасоӣ ҷуста, гӯё аз ин ҳаловат мебаранд. Намедонанд, ки бо ин бадгӯию бадҷӯӣ танҳо тиннати худро оҳиста-оҳиста ба як манбаи адовату нафрин табдил медиҳанд, ки оқибати ин маҳрумӣ аз эҳтирому самимияти атрофиён аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки :
Бияндешу беҳ кун, ки бихрад шавӣ,
Бияндешию бад кунӣ, бад шавӣ.
Аслан ӯ мутахассиси соҳаи математика (риёзидон) шудан мехост ва ин беҳуда набуд. Солҳои 60-уми асри гузашта дар мактаб-интернати ноҳияи Восеъ бародари калониаш Бобо Қурбонов (рӯҳаш шод бод) аз фанни риёзӣ дарс медод ва беҳтарин мутахассиси ин фан дар ноҳия маҳсуб меёфт. Саиди наврас низ он солҳо дар ҳамин мактаб-интернат таҳсил менамуду ба дониши фавқулода баланди риёзии бародараш на танҳо бо завқу ҳавас менигарист, балки имкон ёфт, ки бисёр нозукиҳои ин фанни калидиро аз ӯ омӯзад. Ҳамин тавр дар ниҳоят пеши худ мақсад гузошт, ки баъди хатми мактаб ҳатман донишомӯзиро дар ягон мактаби олӣ аз рӯи риштаи математика давом медиҳад. Вале ғайриинтизораш аз ин мақсади Саид бародараш огаҳӣ ёфта, маслиҳатомезона ба ӯ гуфт:
-Ту, Саидҷон, беҳтараш худатро барои ба Донишгоҳи тиббӣ дохил гаштан омода соз, табибӣ беҳтарин касб аст, баъдан дида истодаӣ, ки табибони маълумотдор дар ҷумҳурии мо чӣ қадар ангуштшуморанд, агар табиби хуб шавӣ, боварӣ дорам, ки манфиатат ба мардум бештар мерасад.
Ҳамин тавр соли 1965 баъди хатми синфи 8-ум ӯ ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб ҳуҷҷат супорид. Давоми се соли таҳсил дар ин муассисаи таҳсилоти миёнаи тиббӣ аз рӯи пешаи интихобнамудааш малакаҳои аввалинро аз худ намуда, соли 1968 онро бо дипломи аъло хатм намуд ва худи ҳамон сол ҳамчун хамкунандаи беҳтарини Омӯзишгоҳи тиббӣ бе супоридани имтиҳон ба факултаи педиатрии Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино қабул гашт. Дар ин даргоҳи муқаддаси маърифатӣ ӯ дунёи нави омӯзиши илми пурасрори тибро дарёфт намуд. Азбаски аллакай малакаҳои аввалини омӯзиши илмро аз худ карда буд, ба зудӣ ба сафи донишҷӯёни беҳтарин дохил гашт. Махсусан, омӯзиши фанни анатомияи одам барояш ҷолиб буд. Баъди дарсҳо ба китобхона мерафт ва то соати даҳи шаб вақти пурқиматашро ба мутолиаи адабиётҳои илмӣ сарф мекард. Ин таваҷҷуҳи рӯзафзуни Саиди ҷавон аз нигоҳи устодаш низ дур намонд. Дере нагузашта профессор Фозил Абдураҳмонов ӯро ба назди худ хонд. Мавзӯи аввалинро ба ӯ супорида таъкид намуд, ки то маҳфили навбатии «Анатомҳои ҷавон» ҳаматарафа омода шуда бо маърӯзаи илмӣ баромад намояд. Ҳамин тавр иштирок дар ин маҳфили илмӣ барои донишҷӯ Саид Қурбонов машғулияти доимӣ гашт. Қариб дар ҳар маҳфил бо маърӯзаҳои илмӣ баромад менамуд. Таътили тобистонаро бошад дар лабораторияи илмие, ки дар ағбаи Анзоб бо мақсади омӯзиши тағйиротҳои морфологию анатомӣ таъсис ёфта буд, мегузаронд. Дар ин ҷо таҳти роҳбарии устодон дар ҳайвоноти гуногуни озмоишӣ амалиётҳои ҷарроҳии эксперименталӣ мегузарониданд. Аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқотҳои анҷомдода С.С.Қурбонов якчанд маротиба дар конференсияҳои илмии донишгоҳӣ баромад намуд. Аз курси 4-ум сар карда Саид Қурбоновро ба ҳайси лаборанти кафедра ба кор қабул намуданд. Ин ба ӯ имкон фароҳам овард, ки ба доираи илмии олимони номии соҳаи анатомия наздиктар шуда, аз онҳо боз бисёр нозукиҳои ин илмро омӯзад.
-Имрӯз ман аз он ифтихори бузург дорам, ки дар вақташ ба синнусоли ҷавонӣ нигоҳ накарда ба мактаби илмии чунин морфологҳои дар он замон на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он машҳур, аз қабили профессорон Яҳё Абдуллоевич Раҳимов, Фозил Абдураҳмонович Абдураҳмонов, Лев Ефимович Этинген ва Юрий Иванович Бородин роҳ ёфта, имкон пайдо намудам, ки аз ин устодони номӣ дарси ҳақиқии илму ҳунар омӯзам. Ин қаробату наздикӣ бо олимони номӣ бехабар маҷрои кору фаъолияти минбаъдаи ӯро низ тағйир дод. Баъди хатми донишгоҳ устодонаш таклиф намуданд, ки ҳамчун омӯзгори ҷавон ва таҳқиқотчии оянда дар кафедра ба кор монад. Саид Сафарович таклифи устодонашро ба замин намонд. Охир чунин боварию ихлос дар он солҳо на ба ҳама хатмкардае муяссар мегашт, ки аз як минтақаи дурдаст ба пойтахт омада, ба дунёи пурасрори илму пажуҳиш роҳ ёбад. Он вақтҳо ҳини тақсимоти хатмкунандагон сардухтурони беморхонаҳои вилоятию ноҳиявӣ низ иштирок намуда, кӯшиш менамуданд, ки беҳтаринҳоро ба кори муассисаҳои тандурустии зери назорати хеш ҷалб намоянд. Вақте роҳбарияти донишгоҳ иброз доштанд, ки хатмкунанда Саид Сафарович Қурбонов дар донишгоҳ ба кор мемонад, ин боиси норизогии сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ Ҳасан Сафаров гашт, ки дар тақсимот иштирок дошт. Ӯ гаштаю баргашта исрор менамуд, ки Саид Қурбонов маҳз ба зодгоҳаш-ноҳияи Восеъ роҳхат дода шавад. Истодагарии сардухтурро дида, раиси комиссия, ректори донишгоҳ Ю.Б.Исҳоқӣ гуфт:
-Ман Шуморо мефаҳмам, норасоии кадрҳои тиббӣ на танҳо дар ноҳияи Восеъ, балки дар кулли минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳис мешавад, вале фаромӯш накунед, ки ҳамчун хатмкардаи беҳтарин дар донишгоҳи тиббӣ ба кор мондани Саид Қурбонов барои тамоми мардуми ноҳияи Восеъ ҳам бояд мояи ифтихор бошад.
Ба ҳамин тариқ, Саид Сафарович дар кафедраи анатомияи одам ба ҳайси ассистент ба кор шуруъ кард. Баъди ду сол бошад ӯро ба шуъбаи аспирантура қабул намуданд. Таҳти роҳбарии устодаш Ф.А.Абдураҳмонов мавзӯи «Маҷрои хунгарди дохилиузвии гурда мувофиқи меъёр ва ҳангоми перитонити таҷрибавӣ дар шароити водӣ ва баландкӯҳ»-ро мавриди таҳқиқ қарор дода, соли 1981 рисолаи номзадиашро дар ин мавзӯъ бомуваффақият ҳимоя намуд. С.С.Қурбонов аз ибтидои фаъолият ҳамчун омӯзгори масъулиятшинос сазовори эҳтироми баланди ҳамкасбон ва шогирдонаш гашт. Ба ғайр аз фаъолияти муваффақонаи педагогӣ ҳамасола омӯзгори ҷавон донишҷӯёни бинокорро ба сохтмонҳои зарбдори собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебурд. Қобилияти баланди ташкилотчигиашро ба назар гирифта соли 1992 дотсент Саид Сафарович Қурбоновро муовини декани факултети муолиҷавӣ ва солҳои 1997-2005 бошад декани факултети фарматсевтӣ таъйин намуданд. Ҳамзамон устод солҳои 2003-2006 вазифаи мудири кафедраи гистология ва солҳои 2006-2008 мудири кафедраи анатомияи одамро ба ӯҳда дошт. Соли 2002 рисолаи докториашро таҳти роҳбарии морфологи машҳур Михаил Романович Сапин дар мавзӯи «Тавсифи морфологии ғадудҳои бахши ректо-сигматикии рӯдаи одам дар онтогенези баъдитаваллудӣ» бомуваффақият ҳимоя карда, соли 2006 сазовори унвони баланди профессорӣ гашт. Соли 2005 профессор С.С.Қурбонов муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим таъйин гашт. Давоми даҳ соли фаъолият дар ин вазифаи ниҳоят масъулитятнок мавсуф дар амалӣ намудани бисёр барномаҳои нави таълимӣ, ташкили маҳфилу ҳамоишҳои илмӣ, роҳандозӣ намудани усулҳои наву самарабахши таълим дар донишгоҳ саҳми беандоза калон гузошт. Инро ҳамкасбону шогирдонаш, ки тайи солҳои зиёд паҳлӯ ба паҳлӯ бо ӯ кору фаъолият намудаанд, тасдиқ менамоянд: Б.Ш.Гадоев, директори Маркази таҳсилоти баъдидипломии донишгоҳ, н.и.т., Профессори фахрии донишгоҳ:барои банда Саид Сафарович ҳаққи устодӣ дорад ва беҳуда ҳам нест, ки ба ӯ ҳамеша бо як навъ эҳтироми хоса «устод» гӯён муроҷиат менамоям, зеро аз С.С.Қурбонов бисёр чизҳоро омӯхтаам. Он кас дар иҷрои вазифаи ба зиммашбуда ниҳоят масъулияти баланд ҳис менамоянд, ба ҳар коре, ки ният намоянд, то ба ҳадди иҷро расонидани он ором намегиранд. Коргузориро бисёр ба дараҷаи аъло медонанд, бо вуҷуди ин агар каме нофаҳмие пеш ояд, ба китобу ҳуҷҷатҳои зиёд муроҷиат намуда, онро дақиқ менамоянд. Аз ҳама муҳимаш оид ба фанни касбиаш, ки анатомияи одам аст, пайваста меомӯзанду бо донишҳои замонавӣ сари вақт худро мусаллаҳ месозанд. Ба як қавле Саид Сафарович ба ҳама корҳои ба нақшагирифтааш вақт меёбад.
Д.С.Шерматов, мудири кафедраи физикаи тиббию биологӣ бо асосҳои технологияи иттилоотӣ, д.и. ф-м, профессор: соли 1984 ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба кор омадам ва аввалин касе, ки дар ҷои нав бо ӯ дӯстӣ пайдо кардам, Саид Сафарович буданд. Он кас ниҳоят дӯсти содиқ ва дар лаҳзаҳои мушкил маслиҳатчии беғаразанд. Солҳои зиёде, ки профессор С.С.Қурбонов ба ҳайси декани факултети фарматсевтӣ ва муовини ректор оид ба таълим фаъолият намудаанд, борҳо бо масъалаҳои гуногуни корӣ ба наздаш даромадаам ва ҳар дафъа ҳам аз утоқи кориаш қаноатманд мебаромадам. Саид Сафарович одате доранд, ки ҳеҷ вақт кори имрӯзаро ба фардо намегузоранд ва ҳар масъаларо дар ҷояш дар доираи салоҳиятҳои худ ҳаллу фасл менамоянд.
Қ.Н.Носиров, сардори хадамоти ректори донишгоҳ, н.и.т., дотсент: Солҳое, ки профессор С.С.Қурбонов вазифаи муовини ректор оид ба таълимро ба ӯҳда доштанд, банда сардори шуъбаи таълим будам. Ҳар як масъаларо бо маслиҳати он кас ҳаллу фасл менамудем. Устод ниҳоят одами дурандешанд. Роҳи ҳалли ҳар масъалаи мушкилро хеле нозукона меёбанд. Бо ҳар корафтода ба зудӣ забон ёфта, вазъи воқеии ҳар мушкилотро мефаҳмонанд. Саид Сафарович барои беҳтаршавии раванди таълим таклифҳои судманд пеш мегузоштанд, аз ҷумла бо ташаббуси он кас дар бахши таълими донишгоҳ зерсохтори назорати сифати таълим таъсис ёфта буд, ки он солҳои зиёд дар танзими раванди таълим нақши босазо гузошт.
Профессор Саид Сафарович Қурбонов бо мақсади пурзур намудани робитаҳои илмию таълимии донишгоҳ бо муассисаҳои илмию таҳсилотии хориҷӣ борҳо ҳамчун роҳбари гурӯҳи кории кории донишгоҳ ба хориҷи кишвар сафарҳои корӣ намуда, ҷиҳати муаррифии дастовардҳои донишгоҳ ва омӯзиши методу усулҳои беҳтарини кории ҳамкасбони хориҷӣ заҳматҳои зиёде кашидааст. Аз ҷумла, мавсуф дар ИМА, Чин, Руссия, Туркия, Словакия, Швейтсария, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон дар ҳамоишҳои илмӣ ширкат варзида, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштарак бо як қатор муассисаҳои бонуфӯзи илмии давлатҳои номбурда аз номи роҳбарияти донишгоҳ гуфтушунидҳои судманд ва муваффақона анҷом додааст. Бо унвонҳои Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Қарағанда, Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон, Ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи Академияи иҷтимоии ФР шарафёб гаштани ин олими варзида ва ташкилотчии моҳири соҳаи тандурустӣ шаҳодати эътирофи хизматҳои хоксоронаи ӯ аз тарафи ҳамксбони хориҷӣ мебошад.
Ҳамчун олими сермаҳсул профессор С.С.Қурбонов муаллифи беш аз 120 таълифоти илмӣ, 1 монография, 1 китоби дарсӣ, 1 пешниҳоди навоварона буда, таҳти роҳбарии он кас 3 нафар олимони ҷавон рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намудаанд, ки ҳар се ҳам баъдтар рисолаҳои докторӣ ҳимоя намуда аллҳол ба ҳайси мудирони кафедраҳои гуногун фаъолият менамоянд. Ду нафар шогирди дигари устод бошанд дар арафаи ҳимоя мебошанд. Хизматҳои хоксоронаи С.С.Қурбонов аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Шараф», дараҷаи 2, унвонҳои Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаю мукофотҳои дигари соҳавӣ қадрдонӣ карда шудаанд.
Устоди мушфиқ, олими закӣ, ташкилотчии моҳири соҳаи тандурустӣ, профессор Саид Сафарович Қурбонов ба синни мубораки 70-солагӣ расида бошанд ҳам, ҳанӯз дар айни камолоти кору эҷод мебошанд. Имрӯз ҳам он кас ҳамчун профессори кафедраи анатомияи одам фаъолияти пурҷушу зхурӯши илмию эҷодӣ ва омӯзгорӣ анҷом дода, дар тарбияи мутахассисони ҷавони соҳаи тиб саҳми босазо мегузоранд. Ҳамзамон давоми шаш соли охир мавсуф вазифаи ҷамъиятии Президенти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро ба ӯҳдаи хеш дошта, барои таъмини кумакҳои хайрхоҳона ба аҳолии ниёзманди мамлакат талошу кӯшишҳои зиёд менамоянд.
Аз номи кулли ҳамкасбон, шогирдон ва ихлосмандонаш профессор Саид Сафарович Қурбоновро бо ҷашни камолоти умр самимона табрику муборакбод гуфта, ба он кас саломатии бардавом, бахту иқболи баланд ва дастовардҳои бозҳам баландтари илмию эҷодиро таманно менамоем.
Маҳмадназар Мазиёев

15.02.2020     516
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php