Душанбе пойтахти мадании ИДМ дар соли 2021

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари сарсабзест дар домони кӯҳҳои сарбафалак. Давлатест, ки бо доштани маконҳои дилфиребу дилнишин ва назаррабо таваҷҷӯхи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намудааст. Ҳамчунин, бо доштани табиати нотакрор ба оламиён маҳбубу маъруф гардидааст. Ҳамин аст, ки давлату Ҳукумати мамлакат ба масълаи сайёҳӣ ва рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хосса дода, дар шаҳру навоҳии мамлакат барои сайру саёҳати меҳмонони дохиливу хориҷӣ шароит фароҳам месозад, зеро инкишофи соҳаи сайёҳӣ иқтисодиёти Тоҷикистонро рушд дода, барои баланд бардоштани обрӯю эътибори мамлакат ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи бою кӯҳан, фарҳанги пурғановат, ёдгориҳои муҳимму арзишманд, табиати дилфиреб, кӯҳҳои осмонбӯс, боду ҳавои тоза, обу чашмаҳои шифобахш, гулу гиёҳҳои дармонӣ, осоишгоҳҳои беҳамто ва ҳазорҳо мӯъҷизаву неъматҳои нотакрору бебаҳо дорад, ки асолати гузаштаи миллати куҳанбунёди тоҷикро бозгӯ мебошад. Таъмин намудани шароити мусоиди ҳуқуқӣ барои ташкили фаъолияти самарабахши субъектҳои сайёҳӣ ва дар ин замина таъсиси бозори самаранок ва рақобатпазири сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ мебошад. Пас зарур меояд, ки баҳри татбиқи ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар самти сайёҳӣ талош намуда, ҳар як гӯшаву канори Тоҷикистони азизро тавассути корҳои ободониву созандагӣ ба мавзеъҳои ободу назаррабо, ки мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон қарор мегирад, мубадал гардонем.

Тайи чанд соли охир пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе симои худро куллан тағйир дода, ба шаҳри орзуҳо табдил ёфтааст. Дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он Душанбе ҳамчун ҷавонтарин шаҳри зебо, ободу осуда муаррифӣ гашта, ба маркази баргузории конгрессу симпозиум, конференсияву ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ мубаддал гаштааст. Намояндагони кишварҳои дунё аз Осиёву Аврупо, Амрикову Африқо бо назофату тозагӣ, умрону осоиш, беҳдошту гулкории пойтахтамон шинос гардида, бо хушҳолӣ васфаш мекунанд. Азнавсозиву ободонӣ ва пешравиҳои пойтахти азизамон аз заҳмату корнамоиҳои шабонарӯзии фарзонафарзанди миллат, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ далолат мекунад.

Пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст. Тавре мушоҳида мегардад, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду пешрафти пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол - шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурӣ, сиёсӣ ва фарҳангии сарзамини аҷдодӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Бояд гуфт, ки Душанбе ҳамеша чун «шаҳри сабз» шуҳрат дошт, аммо солҳои охир бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон навъҳои гуногуну нодири дарахтони бисёрсолаи ороишию сояафкан аз гӯшаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар ворид карда шуда, дар шоҳроҳҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва марказҳои фарҳангию фароғатии пойтахт шинонида мешаванд. Созандагиву ободкорӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ солҳои охир пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе симои худро куллан дигар намудаву дарахтони ҳамешасабз, гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳолҳои гуногуни сояафкан ба ҳусни он таровати тоза зам намудаанд. Бозсозиҳою бунёди майдончаҳои варзишӣ ва майдончаҳо барои бозиҳои кӯдакон, ки ҳоло назди манзилгоҳҳо ҷараён доранд, бо ҳеҷ давре қобили қиёс нестанд. Ободониҳое, ки имрӯз дар пойтахти Ватани азизамон шуда истодаанд, албатта, ба сатҳи маънавиёти ҷомеа, ахлоқу рафтори сокинон ва фарҳанги шаҳрдорӣ бетаъсир намемонанд. Бошад, ки мо ба ин восита Душанбеи хешро ба шаҳри хирад, «шаҳри накӯкорон» табдил дода, орзуи деринаи гузаштагонамонро амалӣ гардонем.

Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон шуд. Дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маросими ифтитоҳи расмии эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” баргузор гардид. Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бародаршаҳрҳо, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқими шаҳри Душанбе, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раёсату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, коршиносон, ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Котиби Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бекетжан Жумангулов ва директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ Анатолий Иксанов дар бораи таърих ва аҳамияти барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод” суханронӣ намуда, Сертификати махсуси “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021”-ро ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ супориданд. Маврид ба зикр аст, ки Барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод”, бо мақсади муаррифии фарҳангу тамаддун, имкониятҳои сайёҳӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди давлатҳои мазкур роҳандозӣ карда шудааст.

Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М. – мутахассиси шуъба

 

 

 

 


13.04.2021     615
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php