“Донишнома”-и Ҳаким Майсарӣ – асари илми пизишкӣ

Ҳаким Майсарӣ аз шоирон ва табибони маъруфи форсу тоҷик буда, дар асри Х зиндагӣ кардааст. Солҳои таваллуд ва вафоти Ҳаким Майсарӣ ба таври аниқ маълум нест. «Донишнома»-и Ҳаким Майсарӣ дар илми пизишкӣ куҳантарин маҷмӯаи тиббии шеъри форсӣ-тоҷикӣ ба ҳисоб меравад, ки то замони мо дар шакли пуррааш омада расидааст. Китоби «Донишнома»-и Ҳаким Майсарӣ ягона асари боқимондаи ӯ маҳсуб меёбад ва нусхаи хаттии ин асари пурқиммат дар Китобхонаи миллии Париж маҳфуз аст. Дар ин китоб Ҳаким Майсарӣ баъзе лаҳзаҳои ҳаёти худро зикр намудааст. Аз ҷумла, Ҳаким Майсарӣ китоби «Донишнома»-ро соли 370 ҳиҷрӣ ба поён расонида, дар ин давра аз синни чилу ҳафтсолагӣ гузаштани худ ишора намудааст:

Биянҷомид «Донишнома»-и ман,

Баромад з-ӯ муроду комаи ман.

Ба соли сесаду ҳафтод будем,

К-аз ин нома ҳаме пурдухта шудем.

Ман аз ду бисту ду се баргузаштам

Ва девони ҷавонӣ барнавиштам.

Дар натиҷаи ин ишораҳо гуфта метавонем, ки агар Ҳаким Майсарӣ дар вақти навиштани «Донишнома» 47-сола бошад, пас соли таваллуди ӯ соли 324 ҳиҷрии қамарӣ будааст.

Зодгоҳи шоир аниқ маълум набуда, дар китоби «Донишнома» низ зодгоҳ ва иқоматгоҳи Ҳаким Майсарӣ ба таври возеҳ зикр нашудааст. Ҳамин қадар ки дар баъзе ҳолатҳо ӯ сарзамини Эронро зодгоҳи худ номидааст ва аз услуби шеъри суруда ва мақолу мисолҳои овардааш аён мегардад, ки ӯ сокини сарзамини Хуросон будааст.

Ва пас гуфтам замини мост Эрон,

Ки пеш аз мардумонаш порсӣ дон.

Маълум мегардад, ки мардуми ин сарзамин форсидон будаанду ҳатто пизишконашон завқи шеър ва сухангӯӣ доштаанд ва ба забони форсӣ-дарӣ шеър сурудаанд. Ҷуз Хуросон сарзамини дигар зодгоҳи Ҳаким Майсарӣ шуда наметавонад ва Ҳаким Майсарӣ бо эҳтимоми зиёд мардуми Хуросон аст. Услуби суханронӣ, истифодаи луғату таркиботе, ки дар китоби «Донишнома» истифода шудааст, хуросонӣ будани ӯро қувват мебахшад. Илова бар он, истифодаи масалу мақолҳое, ки дар миёни сухани худ овардааст, аз қабили «агар касе некӣ кунад, натиҷаи некӣ ба худаш боз мегардад» аз зодгоҳ ва иқоматгоҳи шоир дарак медиҳад.

Майсарӣ мегуяд:

        Шунидастам, ки гар некӣ ба Ҷайҳун,

        Бияндозӣ, биёяд з-ӯ ба берун.

Истифода намудани калимаи «Ҷайҳун» ба ҷои калимаи «Даҷла» нишонаи он аст, ки ин масал дар атрофи Ҷайҳуну Сайҳун истифода шуда, шоир дар ин сарзамин иқомат кардааст. Илова бар ин, масалҳое, ки Ҳаким Майсарӣ дар асараш овардааст, Носири Хусрави Қубодиёнӣ низ, ки аз сарзамини Хуросон аст, васеъ истифода кардааст.

Ҳаким Майсарӣ ҳамчунин зикр менамояд, ки китоби худ «Донишнома»-ро ба сипаҳсолори Эрон, ки ин унвонро дар давраи ҳукмронии Сомониён ҳокими Хуросон Абулҳасан Муҳаммад Иброҳими Симҷур се маротиба соҳиб шуда буд, тақдим менамояд.    

Фаровон бо дилам андеша кардам,

Хирадмандиву дониш пеша кардам,

Ки бигзинам шаҳи донову бедор,

Ки ҳаст ин хубдонишро харидор.

Набуд ин ҷуз сипаҳсолори Эрон,

К-аз ӯ обод шуд Эрон бар он.

Бад-ӯ мар шоҳиёнро аззу ком аст,

Ба бинни Носиру давлаташ ном аст.

Пас, ҷои шубҳа намемонад, ки Ҳаким Майсарӣ дар сарзамини Хуросон зиндагӣ кардааст.

Офарандаи «Донишнома» шоири намоён буда, бо номи «Майсарӣ» ҳамчун лақаби шоирӣ сухан варзида, машҳур гаштааст. Дар хусуси лақаби худ, ки маънои «қимор бохтан»-ро ифода мекунад, чунин гуфтааст:

Ҳар он, к-аз номаи ман шод гардад,

Набояд, к-ин бар ӯ чун бод гардад.

Ниёз орад, бигӯяд аз дили пок,

Ки, ё Раб, «Майсарӣ» бад буду нопок.

Илоҳи раҳми ту беш аз гуноҳаш,

Ман ӯро омадам пешат бихоҳаш.

Ҳаким Майсарӣ дар баробари илмҳои дигар илми пизишкиро дар назди устодони ин фан таълим гирифтааст. Ҳарчанд ки вай дар хусуси ному насаби устодон дар ҳеҷ ҷо ҳарф назадааст, вале ҳангоми баёни баъзе таъбирҳо аз шунидааш ишора мекунад, ки ин матлабро аз устод ё устодон ёд гирифтааст:

Далели дардҳои норасида,

Тан аз андӯҳи он дард орамида,

Нагӯям, он чи з-ин бобат шунидам

Ва он к-андар кутубҳо низ дидам.

Шунидам мӯмиёӣ гарм бошад

Ва табъи вай латифу нарм бошад

Ва гарму нек бошад қадрмоно,

Чунин гуфтаст ин, устоди доно.

*      *        *

Ва гар дандони тифле дер рӯяд,

Дар ин устоди мо бисёр гӯяд.

*      *        *

Зи устодон ман ин нусха гирифтам,

Дар ин нома туро некӯ бигуфтам.

*      *        *

Панири хушк хӯрдан хушк кунад бод

В-аз ин устод огоҳӣ ба ман дод.

Ҳаким Майсарӣ пизишки тавоно буда, дар ташхису табобати беморон, таркибу озмудани доруҳо бисёр ранҷ бурдааст. Вай аз илми ҷарроҳӣ низ хабардор будааст. Вай ишора бар он мекунад, ки дар сурати табобат наёфтани «ашфори зоида» аз доруҳо ёд карда, тавсия медиҳад, ки бо дасти устодон бурида шавад:

Ва гар беҳтар нагардад пилки чашмон,

Буридан беҳ ба дасти устодон.

Дар муолиҷаи «носур» низ буридани онро ба дасти устодон тавсия медиҳад.

Вагарна иллати носур бошад,

На бар кирдори ин босур бошад.

Гар устоде бувад, к-онро ба нешаш,

Бибурад, беҳ шавад з-ӯ дарду решаш.

Дар сурати шикастани устухонҳо низ тавсия медиҳад, ки ба устодони устухонбанд муроҷиат карда шавад ва яке аз равишҳои муолиҷаи баъзе бемориро дар раг кушодан мебинад, ки аз илми тибро ба таври амиқ донистани ӯ шаҳодат медиҳад.

Ҳаким Майсарӣ ҳамчунин шогирд ва шогирдоне доштааст, зеро ӯ гоҳе ба шогирдони худ муроҷиат намуда, матолиберо арза медорад, гоҳе аз онҳо дархост ба амал меорад, ки дар табобат зишткорӣ накунанду доруҳоро дуруст таркиб намоянд:

Ту, ё шогирд, то доно нагардӣ,

Ба ҳар неку баде бино нагардӣ.

Бинашносӣ каму бешии иллат,

Ба ҳар дарде надонӣ кард ҳилат.

Ҳаким Майсарӣ, ки худ шахси фозил буд, ба донишу донишандӯзӣ аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад. Вай таълим медиҳад, ки дар ҷаҳон асосан чор намуди дониш хеле муҳим аст. Инҳо донишҳои ситорашиносӣ, ҳандиса, пизишкӣ ва динӣ мебошанд. Ҳамаи ин намудҳои донишро тавсиф намуда, зикр мекунад, аз онҳо аз ҳам заруртар донишҳои пизишкӣ ва динӣ ҳастанд. Вале дар баробари ин мегӯяд, ки ҳарчанд ки дониши динӣ аз ҳама бештар муҳим мебошад, вале агар тани одамизод сиҳат набошад, вай ягон намуди донишро аз худ карда наметавонад. Бинобар мавқею манзалати пизишкӣ хеле афзун аст ва дониши пизишкӣ сабаби саломатии тан аст ва саломатии тан барои ёд гирифтани дониш зарур астинсон буда,  

Ҳаким Майсарӣ дар эҷод басо заҳмат кашида, ҳаётро бо ҳама гуна пасту баландиҳояш дидааст. Ишора бар он мекунад, ки вай бо дасти худ асарҳои бисёри хубро эҷод кардааст, вале маълум нест, ки онҳоро ба кадом забон таълиф кардааст.

Дар ин муддат басе заҳмат кашидам,

Ҷаҳон аз чанд кавна низ дидам,

Басе нома набистастам ба дастам,

Басе неъмат зи ҳар кавна ба дастам.

Ҳаким Майсарӣ эҷоди асарро барои дарёфт намудани маблағу боигарӣ надониста, онро василати беҳтарини ба ёдгор мондани номи шахс медонад. Майсарӣ ҳам дар радифи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ барои зинда мондани номи худ китоб таълиф кардааст.

«Донишнома» ягона асари ба мерос мондаи Ҳаким Майсарӣ мебошад, ки қариб ба пуррагӣ то ба замони мо омада расидааст. Дар ин маврид Шамс Қайси Розӣ дар «Ал-Мӯъҷам» зикр мекунад, ки «хуштарин китоб аст, ки ба василаи Ҳаким Майсарӣ суруда шудааст». Вай қадимтарин китоби шеъри форсӣ дар соҳаи тиб аст, ки ба мо ба мерос мондааст. Нависандаи китоб баъди рӯбардоркунӣ дар саҳифаи охири он ба китоб «Тибби мансурӣ» номгузорӣ менамояд. Вале худи муаллиф дар оғози китоб гуфтааст:

Ман ин гуфторро андом додам

Ва «Донишнома» аввал ном додам.

Бори дигар дар охири китоб аз он ном бурдааст:

Биянҷомид «Донишнома»-и ман,

Баромад з-ӯ муроду комаи ман.

Майсарӣ «Донишнома»-ро бо забони форсӣ-тоҷикӣ эҷод кардааст, то шаҳриёнаш ҳарчи бештар истифода бурда, аз илми тиб ошноӣ пайдо кунанд. Пас маълум мешавад, ки забони форсӣ-тоҷикӣ дар он сарзамин хеле маъмулу машҳур будааст. Дар хусуси ба забони дарӣ эҷод намудани асараш мегӯяд:

Чу бар пайвастанаш бар дил ниҳодам,

Фаровон ройҳо бар дил кушодам,

Ки чун гӯям-ш ман то дер монад

Ва ҳар кас дониши ӯро бидонад.

Бигӯям тозӣ, арна порсӣ нағз,

Зи ҳар дар ман бигӯям мояву мағз.

Ва пас гуфтам замини мост Эрон,

Ки пеш аз мардумонаш порсӣ дон.

В-агар тозӣ кунам, некӯ набошад,

Ки ҳар касро аз ӯ нерӯ набошад.

Дарӣ гӯям-ш, то ҳар кас бидонад

Ва ҳар кас бар забонам бар биронад.

«Донишнома» маснавие мебошад, ки Майсарӣ дар мавзӯи тиб солҳои 980-981 таълиф кардааст. Вай тақрибан 4500 байтро дар бар гирифта, дар баҳри ҳазаҷи мусаддас эҷод гардидааст. Асар мисли дигар асарҳои давр бо қисмҳои анъанавии маснависароӣ дар адабиёти форс-тоҷик – ҳамду наът шурӯъ шуда, ба 376 унвон-сарлавҳа тақсим шудааст.

Дар «Донишнома» оид ба мавзӯъҳои хурду калони ба тиббахшида, аз қабили таркиби одам (анатомия), андомҳо ва бофтаҳо, мизоҷҳо, қувваҳо, бодҳо, сабаб ва аввалин нишонаи бемориҳо, гуногунии мизоҷҳо вобаста ба дигаргуншавии 4 моеъ ё 4 ахлоти бадан (хун, сафро, савдо ва балғам), рӯйхати давоҳо, табиат ва таъсири онҳо, қоидаҳои ахлоқ ва одоби табибон, дардҳо ва давои онҳо, бемориҳои захми бадан, шикастани устухон, хунгирӣ (манфиат ва зарари он), тоза кардани меъда, тадбир ва моҳияти қай, тадбири фарбеҳӣ, қоидаҳо барои мусофирон ва сайёҳон, заҳрҳо ва подзаҳрҳо, газидани мор, каждум ва ҳашароти заҳрнок, навъҳои бӯҳрон ва ташхиси онҳо, моҳияти парҳез сухан меравад.

Ба иловаи мавзӯъҳои тиб асари Майсарӣ инчунин аз ҷиҳати тарғиби илму дониш, баёни афкори пандуахлоқии шоир аҳамияти калон дорад. Дар «Донишнома» аз аввал то охир зимни шарҳу тафсири мавзӯот байтҳои панду ахлоқӣ омадаанд. Қисми охирини асар бошад, бевосита аз панду насиҳатҳои алоҳидаи худи Хаким Майсарӣ иборат аст.

Майсарӣ аз нахустин шоиронест, ки дар шеър ба мавзӯъҳои илмӣ даст задаст. Дар он якчанд байт оид ба дониш, навъҳо ва тавсифи ин навъҳо оварда шудааст.

«Донишнома» намунаи олии асари манзуми илмӣ ба ҳисоб меравад. Баёни масъалаҳои тиб дар қолиби шеър барои муаллиф мушкилоти зиёдро пеш овардааст ва аз ин рӯ, дар назми ин маснавӣ ноҳамвориҳо, риоя нагардидани вазну қофия ва ҷиҳатҳои дигари шаклӣ ба назар мерасанд. Зоҳиран, ин қабил асар ба забони дарӣ (тоҷикӣ) камшумор мебошад. Ба ғайр аз истилоҳоти тиббии юнониву арабӣ тамоми китоб бо шеъри содаи тоҷикӣ навишта шудааст, ки имрӯз ҳам ба ҳар як хонанда ба осонӣ фаҳмо аст. 

М.Б.Сайфутдинова  –  номзади илми тиб, кафедраи онкология, ташхис ва муолиҷаи шуоӣ.


02.04.2021     355
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php