Бошад артиши мо чун хуршеди ҷовид!

Рӯзи 23 феврал мусодиф бо солгарди таъсиси Артиши Миллии Тоҷикистон аст. Имсол аз 28 умин солгарди таъсисёбии он ҷашн гирифта мешавад. Артиши миллӣ, ки зодаи даврони истиқлолият мебошад, дар зарфи 28 соли мавҷудияташ ба такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат табдил ёфта, мардуми шарифи Тоҷикистон дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз ҳомию муҳофизи ҳақиқии худро мебинад.

Мусаллам аст, ки сулҳу оромӣ ва тинҷиву осоиштагии ҳар як давлату миллат аз қудрату тавоноии қувваҳои мусаллаҳи он вобастагии калон дорад. Аз ин хотир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ чун дигар давлатҳои собиқ шӯравӣ баъди ба даст овардани Истиқлолият зарурияти ташкили қувваҳои мусаллаҳ ба миён омад. Вале таъсиси қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушкилиҳои зиёде ба даст меомад. Зеро баъд аз пош хӯрдани давлати шӯравӣ ва бар асари нооромиҳои дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваҳои мусаллаҳ қариб, ки амал намекарданд.

Илова бар ин вазъи душвори ҳарбӣ-сиёсии он солҳо имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ бархурдор гардад. Новобаста аз ин баъди анҷом ёфтани Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон роҳбарияти нави мамлакат бо сарварии бузургмарди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилиҳои зиёди мавҷуда нигоҳ накарда масъалаи таъсиси Артиши миллиро дар навбати аввал гузошта, ҷиҳати ҳалли мусбии он талошу ҷонбозиҳои зиёде намуданд. Бо ин мақсад аз анҷоми Иҷлосияи таърихӣ ҳамагӣ чанд рӯз нагузашта 18-уми декабри соли 1992 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расонид. Маҳз дар асоси ҳамин қарор дар назди Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бригадаи махсуси марзбонон таъсис дода шуда, баъди 10 рӯз, яъне 28-декабри ҳамон сол мутобиқи қарори раёсати Шӯрои Олии ҶТ дар ҳайати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Раёсати ҳифзи сарҳади ҶТ таъсис дода шуд.

23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид ва он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Пешрафту пойдории Қувваҳои мусаллаҳро бе мутахассисони баландпоя тасаввур кардан ѓайриимкон аст. Ба ин хотир дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ кафедраи тибби ҳарбӣ амал мекунад, ки фаъолияти он   барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи тиб дар сохторҳои низомӣ равона карда шудааст. Роҳбарияти донишгоҳ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар ҳамкорӣ бо кумитаву вазоратҳои дахлдор, барои таҳким ва вусъат бахшидани сатҳи омодагии дифоии донишҷӯён пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Фаъолияти кафедра мутобиқи барномаҳои таълимӣ ва Оинномаи ҳарбӣ ба роҳ монда шудааст, ки барои ба пуррагӣ аз худ намудани асосҳои назариявӣ ва муқаррароти пешбинишуда дар ташаккули малакаҳои устувори амалӣ, ташкили таъминоти тиббии амалиётҳои ҳарбӣ ва ҳамчунин расонидани ёрии тиббӣ   ҳангоми вазъиятҳои фавқулодда ба донишҷӯён имкониятҳои амалиро фароҳам меорад. Тибқи ин дастур афсарон – омӯзгорони кафедра нақша ва барномаҳои таълимиро, ки дар асоси Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда шудааст, мутобиқи талаботи низоми таълимӣ ва дастурамалҳои ҳарбӣ иҷро менамоянд. Дар баробари ин, кормандони кафедра дастаҷамъона дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ ва берун аз он саҳми арзанда мегузоранд.

Зимнан, Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки баҳри ҳифзи хоки худ истодагарӣ карда метавонад, ҷавонони бонангу бономус, родмардони шуҷои Ватан пуштибони марзу буми аҷдодианд. Дар шароити густариши раванди ҷаҳонишавӣ барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии Ватан, таъмини амнияти мамлакат ва ваҳдати миллии он аҳамияти Қувваҳои Мусаллаҳ чандкарата афзоиш меёбад.

Имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомӣ ва пушту паноҳи давлату миллат аст!.

Турсунова З.- мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа



17.02.2021     179
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php