Аз шукр шакар зиёда гардад

Халқи меҳнатдусту сулҳпарвари тоҷик дар остонаи ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз қарор дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки Истиқлолиятро мардуми тоҷик бо чӣ гуна машаққатҳо ба даст овардааст.Рузҳову ҳодисаҳои мудҳишеро аз сар гузарондааст. Оилаҳои зиёд пайвандонашонро аз даст доданд. Мардуми зиёд Ватани худро тарк гуфта, дар сарзамини бегона овораву сарсон гаштанд. Миллат пароканда буд. Аммо бо саъю кушиш ва меҳнатҳои шабонарузии Сарвари миллату халқи тоҷик Истиқлолият пойдор ва мардум боз ба ҳам ҷамъ омаданд.

Бо шарофати Истиқлолият Ватани азизи мо соҳиби Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, асъори миллӣ, инчунин Артиши миллӣ гардид. Муҳимтар аз ҳама, Истиқлолият ба забони тоҷикӣ мақоми давлатиро дод. Забони тоқикӣ забони давлатӣ эълон гашт. Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 145 кишвари дунё ҳамчун давлати мустаққил мешиносанд ва эътироф мекунанд. Ҷумҳурии мо бо як қатор давлатҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои тиҷоратӣ ба роҳ мондааст. Ин аст файзи истиқлол, ки бо кушишу ғайрати Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми халқи меҳнатқарини тоҷик соҳаҳои иқтисодиёту маориф, тандурустиву кишоварзӣ давра ба дара рушд ёфта, мустаҳкам гардида истодааст.

Истиқлолият дар инкишофи илму маориф низ таъсири мусбат гузошт. Муҳити созандаву созгоре, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино роҳандозӣ шудааст, самараи истиқлолият аст ва дар масъалаи тарбияи худшиносию хештаншиносӣ нақши арзандае мегузорад, ки татбиқи мантиқии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, омили асосии ноилшавии дастовардҳои таълиму тарбия ва илм дар ин боргоҳи таълиму тарбияи мутахассисони бофарҳанги соҳаи тибби кишвар маҳсуб мешавад.

Ќайд кардан бамаврид аст, ки бо ибтикори роҳбарияти донишгоҳ МТИК «Стоматология» аз таъмири капиталӣ бароварда шуд. Марказ бо дастгоҳҳои муосири ташхисию табобатӣ ва асбобҳои яккаратаи стоматологӣ таъмин карда шудааст ва шароити мусоид барои корҳои ташхисию табобатӣ ва таълимию илмӣ фароҳам оварда шудааст. Дар марказ аз ҷониби Лоиҳаҳои грантии рушди таҳсилоти олӣ ва TajikAid (Барномаи ортодонтия, Олмон) барои донишҷӯён ва табобати беморон 11-то дастгоҳҳои замонавии стоматологӣ ворид карда шуд. Ҳамзамон кормандони марказ дар ғани гардонидани буҷаи донишгоҳ саҳми арзандае доранд.Бо дастгирии Ҳукумати кишвар сохтмони бинои маъмурӣ ва таълимии донишгоҳ дар шаҳраки Шифобахши хиёбони Сино, ба роҳ монда шудааст ва бо саҳмгузории донишгоҳ дар соли 2020 низ корҳои сохтмониву бетонӣ бо суръат идома дода шуда истодааст.

Давлат барои донишандузии хонандагону донишҷуён ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ тамоми имкоияту шароитҳоро фароҳам овардааст. Дар Ҷумҳурӣ садҳо мактабҳои нави замонавӣ, литсею гимназияҳо ва муассисаҳои томактабӣ қомат афрохтанд. Дар заминаи эълон гардидани “Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, таъмин намудани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сифати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шуд.

Пешвои миллат мақсади асосӣ аз ин пешниҳодҳоро дар амалӣ гардонидани талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани ифрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин арзёбӣ намуданд. Ин аст, ки таи чанд соли охир сатҳи ҳаёти мардум ру ба беҳбудӣ ниҳодаву гушаву канори диёрамон боз ҳам ободтар гаштааст. Аз ҷумла амали гаштани ҳадафҳои стратегии давлат: баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ, таъмин намудани истиқлолияти озуқаворӣ,истиқлолияти энергитикӣ ва ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистони азиз самараи соҳибистиқлолии ватан аст.

Қобил ба ёдоварист, ки имрӯз миллати сарбаланди тоҷик аз дастовардҳои бузурги истиқлол чун сохтмони НБО-и Роғун, Сангтуда-1, Сангтуда-2, “Нақби Истиқлол”, Роҳи мошингарди Бадахшон, Роҳи оҳани Хатлону Кулоб ва як қатор иншоотҳои бузурги кишвар ифтихор дорад. Ин ҳама ободиву муваффақиятҳо ба руҳу ҷон илҳоми тозаеро баҳри некуаҳволии халқу диёрамон бахшида, дилро ба ваҷд меоваранд ва мо беихтиёр нидо мекунем:

Бар ватандории мо ҳар кас, ки варзад душманӣ,

Бемуҳобо то кунун дар рахти хоби ғафлат аст.

       Мардуми тоҷик дар шароити соҳибистиқлолӣ арзандатарин шароити рӯзгорро соҳибанд. Муҳимтар аз он, халқи тоҷик дар фазои ором озоду обод зиндагӣ доранд. Давлату Ҳукумате дорем, ки барои таъмини шароити арзандаи зиндагӣ тамоми имкониятро фароҳам овардааст. Мо бояд шукургузор бошему ифтихор намоем, ки дар чунин Ватани биҳиштосо-Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ ва кору фаъолият дорем.

Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М.- шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


08.09.2020     445
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php