АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2018) омадааст: «Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти комуникасионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақши гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ- индустриалӣ ба индустриалӣ аграрӣ амалӣ гардонда истодаем. Инчунин илова намуданд, ки дар робита ба ин ва ба дар назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад». Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохили аз 46.5 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт. Дар моҳи октябри соли гузашта Пешвои миллат ба кормандони соҳаи саноати кишвар мулоқоти расмӣ доштанд, ки хулосаи хешро нисбати он чунин ифода намуданд: «Нарасидани кадрҳои баландихтисос мушкилоти асосии соҳаи саноат аст». Дар паёми навбатӣ оид ба стратегияи чоруми мамлакат омадааст: «Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар 7 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 3 баробар (аз 10 миллиард сомонӣ ба 27,5 миллиард сомонӣ) ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулотӣ дохилии кишвар 5.1 (аз 12.6 то ба 17.1) фоиз баланд гардидааст.» Инчунин дар паём ишора шудааст, ки суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7.5 фоизро ташкил намуда ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13.4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7.1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 1.6 фоиз таъмин карда шуд. Дар баробари ин оид ба дастгирии соҳаи тандурустӣ омадааст, ки барои ҳар як давлат солимии аҳолии ҷомеа зарур мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем ва барои тандурустии он бояд тамоми шароитро фароҳам оварем. Аз ин лиҳоз, буҷети соҳаи тандурустӣ дар ҳафт соли охир аз 716 миллион сомонӣ ба 1 миллиарду 740 миллион сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба соли 2013-ум 2.4 баробар зиёд мебошад. Дар соли 2020 маблағгузории давлатии соҳа қариб 2 миллиард сомонӣ ё худ ба афзоиши қариб 6 фоиз назар ба соли 2019 пешбини шудааст. Инчунин дар паём омадааст; «Ҳарчанд ки дар натиҷаи таъмин кардани муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо бо таҷҳизоти муосир як қисми мушкилоти соҳа рафъ гардидааст, аммо сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва савияи касбии кормандони миёна ба беҳбуди ниёз дорад». Вобаста ба ин, тақкид намуданд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои тиббиро зери назорати қатъӣ қарор дода, сатҳу сифати хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар ба роҳ монад ва давра ба давра курсҳои бозомӯзиро дар миёни ҳамаи зинаҳои кадрии соҳа ташкил намояд». Бо ҳамаи ин муваффақиятҳо ва камбудиҳо нигоҳ накарда баҳри баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии кормандони соҳаи буҷетӣ, давлат чунин супориши қатъӣ доданд: «Музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда шавад». Аз ҳамин лиҳоз дар ҷавоб ба ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти маҳбуби кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мо устодон ва донишҷӯён зарурият пеш меояд, ки гуфтаҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор диҳем. Нисбати тарбияи кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазири ҷавобгӯи бозори меҳнат дар навбати аввал нисбат ба худ серталаб бошем, доимо ба мутоила ва омӯзиши фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ машғул шавем, рӯ ба омӯзиш ва таҳлили адабиётҳои бадеӣ оварем. Шогирдонро низ дар чунин руҳия тарбия намуда, ба онҳо дӯст доштани ватан, забони модарӣ, китобхонӣ, ҳифзи ватан ва муҳит зист, сарфаю сариштакорӣ, ғанӣ нигоҳ доштан ва рушд додани анъанаҳои неки аҷдодонамонро таълим диҳем. 
 Б.Б.Ҷумъаев, узви вобастаи АИ ҶТ, д.и.б., профессори кафедраи биохимия


20.01.2020     1571
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php