• ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ

    Сардори Хадамоти ректор
    • Хадамоти ректори донишгоҳ (дар оянда Хадамот), сохтори таркибии МТД “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” буда, фаъолияти он дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз 23.07.2016, №1339, «Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», аз 01.06. 2017, №276, «Оиннома»-и донишгоҳ, аз 15.04.2019, №244, «Низомномаи Хадамоти ректори донишгоҳ», аз 25.04.2019, таҳти №9, «Дастурамал оид ба коргузорӣ дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино», аз 25.04.2019, таҳти №9 тасдиқ шудаанд, коргузорӣ ва ҳуҷҷатгузориро дар Донишгоҳ тибқи талабот амалӣ карда, кор бо ҳуҷҷатҳоро аз лаҳзаи ворид ё таҳия шуданашон то вақти барои нигоҳдорӣ ба бойгонӣ супоридани онҳо ба низом медарорад, такмил додани кори коргузориро дар Донишгоҳ таъмин намуда, иҷроиши фармоишҳо, дастуру супоришҳои ректор, қарорҳои Раёсат, Шӯрои олимони донишгоҳро назорат ва таъмин менамояд, фаъолияти сохторҳои донишгоҳро ҳамоҳанг месозад, барои ҳалли масъалаҳои муҳими байнисохторӣ мусоидат менамояд, бо муассисаҳо, ташкилотҳо, ҷомеа робитаро ба роҳ мемонад ва мунтазам маълумотҳоро оид ба ҳамаи самтҳои фаъолияти донишгоҳ таҳлил карда, ба ректори Донишгоҳ, ВАО ва ҷомеа пешниҳод менамояд, Нақшаи кории ҳамасолаи Раёсат ва Шӯрои олимони (якҷоя бо котиби ШО) донишгоҳро таҳия менамояд, маълумотҳои ҷаласаҳои Раёсати Донишгоҳ ва ҷаласаҳои назди ректори донишгоҳро омода карда, ҷаласаҳоро ташкил мекунад ва протоколҳои онҳоро тартиб медиҳад.
    • Хадамоти ректор дар фаъолияти хеш Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Вазоратҳои маориф ва тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ректори Донишгоҳ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарӣ мегирад.
    • Ҳамчунин қабул, коркард, қайд, баҳисобгирӣ, нигаҳдорӣ ва фиристодани мукотибаҳо (воридотӣ, содиротӣ, дохилӣ), аз ҷумла бо воситаҳои алоқаи махсус, коркарди қолабҳои ягона, шакл ва тарҳи варақаҳои донишгоҳро таъмин менамояд. Барои мусоидати ҳалли масъалаҳои байни сохторҳо гурӯҳҳои корӣ таъсис медиҳад, гузоришҳою пешниҳодҳо ба ректори донишгоҳ манзур менамояд ва фармоишҳо таҳия намуда, иҷроиши онҳоро таъмин менамояд.
    • Таъмини дуруст ва шаффофияти коргузорӣ дар сохторҳою кафедраҳои Донишгоҳ, роҳбарӣ ва амалисозии ҳамкорӣ бо ташкилотҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва ВАО, ташаккули симои мусбии Донишгоҳ, корбарӣ ҷиҳати баландшавии мавқеи Донишгоҳ дар ҷомеа аз вазифаҳои дигари Хадамот маҳсуб мешавад.
    • Ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ, омӯзиш ва таҳлили маводи нашршуда дар ВАО яке аз самтҳои фаъолияти Хадамот мебошад. Аз ин рӯ, дар назди Хадамот Гурӯҳи аналитикӣ таъсис дода шудааст, ки фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо кафедраҳои Донишгоҳ ва бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ амалӣ менамояд.
    • Хадамот танҳо зери итоати бевоситаи ректор қарор дошта, ба он ҳисоботдиҳанда маҳсуб ёфта, сардори он аъзои Раёсат, Шӯрои олимон ва аъзои комиссияҳо интихоб мешавад ва пайваста доир ба масъалаҳои дар боло зикргардида ба ректори Донишгоҳ маълумот пешниҳод менамояд. 
    • Сардори Хадамоти ректори Донишгоҳ, н.и.т., дотсент Носирӣ Қаҳҳор Нарзулло мебошад.
      Бастҳои кории Хадамот аз ҳисоби шахсоне, ки маълумоти олӣ доранд ишғол карда мешаванд. Фаъолияти сардор ва кормандони зерсохторҳои Хадамот ба таври мушаххас аз рӯи дастурамали вазифавӣ амалӣ мегардад. 
    • Хадамот аз зерсохторҳои алоҳида - Бахши коргузорӣ (сардор н.и.т., дотсент Ворисов Алишод Алимардонович), Бахши назорат (сардор Зарипов Нуралӣ Абдурақибович) ва Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа (сардор Таибов Саидшо Аюбович) иборат мебошад. 
    • Хадамот аз 12 воҳиди корӣ иборат аст: сардори Хадамоти ректори Донишгоҳ, сардори Бахши коргузорӣ, сардори Бахши назорат, сардори Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа, ёрдамчии ректор, мутахассиси пешбар, сармутахассис, мутахассис, таҳлилгар, котиби ректор, коргузори ректор, мактубрасон.
  • РӮЙХАТИ ҲУҶҶАТҲО



Гузариш ба саҳифаи:


C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php