НИГАҲДОРИИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ДАР КИШВАР – МАЪНОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДАВЛАТ МЕБОШАД, КИ БО ОН ОЯНДАИ КИШВАР ПАЙВАСТ АСТ

Ид – ин рӯзи ҷашнгирӣ, ёдбуди касе, ё чизе. Ҳар сол дар моҳи ноябр дар ҷумҳурии мо якчанд идҳо ҷашн гирифта мешаванд – Рӯзи Конститутсияи ҶТ- 6 ноябр; Рӯзи театри тоҷик – 7 ноябр; Рӯзи милитсия – 10 ноябр; Рӯзи Президенти ҶТ – 16 ноябр; Рӯзи Парчами миллии ҶТ – 24 ноябр.

Дар моҳи ноябри соли 2020, дар кафедраи забонҳои хориҷӣ як қатор конференсияҳои илмӣ-амалии донишҷӯен баргузор гардиданд, ки дар онҳо донишҷӯёни курсҳои 1 ва 2 иштирок намуданд. Конференсияҳо бахшида ба Рӯзи Конститутсия, Рузи Президент ва Парчами миллӣ доир гардиданд.

Дар арафаи Рӯзи Конститутсия аз 2 по 5 ноябр конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Конститутсия –кафили мустақилият ва устувории миллат» доир гардид.

Конститутсияи Тоҷикистон кишварро мустақил эълон намуда, сиёсати онро ба рушди иҷтимоӣ равонашуда, эълон менамояд. Сарқонуни кишвар ҳуқук ва озодиҳои инсонро сарчашмаи асосиии истиқлолият мешуморад. Сарқонун номумкин будани табдили чунин асосҳои давлатдориро чун шаклии идоракунии ҷумҳуриявӣ, як порчагии марзӣ, моҳияти ҳуқуқӣ, дунявӣ ва ҷамъиятии давлат.

Бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи донишҷӯён дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Эмомали Раҳмон дар устувор намудани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ», ки дар санаи 13-16 ноябр бо иштироки донишҷӯёни курсҳои 1 ва 2 доир гардид. Бешубҳа нақши Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Эмомали Раҳмон дар ташаккулёбӣ ва эҳёи давлати миллиии тоҷикон дар замони ҳозира, таъмин намудани сулҳу ваҳдад, баланд бардоштани эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ бузургаст.

Маҳз бо ташаббус ва кӯшиши Президент дар ҷумҳурӣ ҷанги бемантиқи бародар кушӣ қатъ карда шуд; ҷудо кардани халқиТоҷикистон ба қавмҳо низ анҷом ёфт; гурезаҳо ба ватани таърихии худ баргаштанд; мақомотҳои конститутсионии Ҳокимият эҳё карда шуданд, пошхурии давлати тоҷик қатъ гардид, як порчагии кишвар нигаҳ дошта шуд. Ақидаи сулҳ ва ваҳдади миллӣ, ки аз тарафи Президент пешкаш шуда буд, аз тарафи ҳамаи халқиятҳое, ки дар кишвар зиндагӣ мекунанд, ҳаматарафа дастгирӣ карда шуд.

Аз 18 то 24 ноябр силсилаи мини-конференсияҳо бахшида ба рӯзи Парчами миллӣ доир гардид. Чи тавре, ки аз маърӯзаҳо бар меояд, ҷумҳурии мо рамзҳои худро дорад – Суруди миллӣ, Парчам, Нишон. Парчами миллӣ, ҳамчун рамз, ҷумҳуриро дар кишвар ва берун аз он муаррифӣ менамояд, ӯ биноҳо, кӯчаҳоро дар рӯзҳои ид оро медиҳад. Дар аввали сентябри соли 2011 Тоҷикистон ба Китоби рекордҳои Гиннес ҳиссаи худро ворид намуд. Дар маросими анъанавии бистсолагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ ба аз ҳама баладтарин дар дунё поя устувор карда шуд, ки баландиаш 165 м мебошад. Андозаи худи парчам 30 м бару 60 м дарозӣ дорад.

Пеш аз таҷдиди ҳар як конференсия мудири кафедра, профессор У.Р. Юлдошев баромад карда, донишҷӯёнро бо муносибати ҷашнҳо табрик гуфта, онҳоро ба иҷро кардани корҳои илмӣ даъват менамуд.

Аз ҷумла профессор У.Р. Юлдошев қайд намуд, ки сиёсати давлатие, ки Эмомали Раҳмон пеша кардааст барои устувор гардидани сулҳу ваҳдат аҳамияти бузург дорад ва барои ояндаи кишвар беҳад муҳимаст. Сулҳ дар навбати худ, ин устуворӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ, коркарди боигариҳои табии ва иқтидори кишвари гул-гулшукуфони мост.

Ҳамаи маърӯзаҳо аз маълумоти шавқовар ва судбахш саршор буданд, ки ҳисси ватандӯстӣ ва ғурур аз шаҳрванди чунин кишвар буданро бедор менамоянд.

Дар кафедраи забонҳои хориҷӣ гузаронданӣ чунин эстафетаҳои конференсияҳои илмии донишҷӯён сурати анъанаро гирифтааст. Барои донишҷӯён иштирок намудан дар конфренсияҳо қадами аввал ба даргоҳи илм мебошад. Гузаронидани чунин конференсияҳо ба он мусоидат мекунанд, ки донишҷӯён дар назди омма баромад карданро ёд мегиранд, ақидаҳои худро баён карда метавонистагӣ мешаванд. Баромадҳои оммавӣ дар онҳо ба худ баҳои объективӣ додан, ба қувваи худ боварӣ доштанро парвариш мекунанд.

Дар кори конференсияҳо чунин устодон иштирок намуданд: М.Р. Назарова, Ҳ. И. Хайрова, С.А. Ҳотамова, М.А. Холматова, З.И. Шарипова, О.А. Лысых, Д.Х. Султонова, Н.Ш. Алиева ва И.А. Лысых, ки ҳам бо маърӯзаҳои худ баромад карданд ва ҳам ба маърӯзаҳои донишҷӯён роҳбарӣ намуданд.

Дар барномаи ҳар як конференсия 5-6 маърӯза пешбинӣ карда шуда буд. Маърӯзаҳои донишҷӯён таҳти роҳбарии устодон таҳия карда шуда, натиҷаи фаъолияти таълимӣ-амалии донишҷӯён аз фанни забони русӣ гардид. Дар айни ҳол дар дарсҳои забони русӣ ба масъалаи тарбияи донишҷӯён низ диққати махсус дода мешавад, ки дар интихоби проблематикаи нутқ ва сирати корҳои таълимӣ инъикос мегарадад. 

Устодони кафедра забонҳои хориҷӣ  -  С.А. Ҳотамова, Ҳ.И Хайрова

01.12.2020     399

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php