НАВРУЗ – ИДИ БАҲОР

НАВРУЗ – ИДИ БАҲОР

Дар кафедраи забонҳои хориҷӣ МДТ-и «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» 19-20 марти соли ҷорӣ бо гуруҳҳои кураторӣ маросими ҷашни Наврӯз доир гардид.

Мудири кафедра, профессор У.Р. Юлдошев ҳозиринро бо ин иди фархунда табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи касби интихобкардаашон бурдбориҳо хост.

У.Р. Юлдошев дар баромадаш қайд намуд,ки мо ҳар сол идҳои анъанавии худро ҷашн гирифта, боварӣ ҳосил мекунем, ки онҳо ба худшиносии миллии халқамон таъсири калон мерасонанд, ба мустаҳкам кардани якдилии   мардуми кишвар мусоидат менамоянд, дар тарбияи насли наврас дар руҳи ватандустӣ нақши муҳим мебозанд.

 30 сентя­бри соли 2009 иди анъанавии мардуми эронинажод Наврӯз аз тарафи ЮНЕСКО ба   рӯйхати мероси ғайримаводии инсоният ворид карда шуд.

23 феврали соли 2010 сессия 64 –уми Ассамблеяи Генералии ТММ 21 мартро чун рӯзи Байналмиллалии Наврӯз эътироф намуд.

Наврӯз – Иди Баҳор ва Соли Нав. Ҷашни Кадимӣ ва анъанавии мардумони Эрон, Қавқоз, Осиёи миёна мебошад, ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ – рӯзи 1-уми моҳи фарварди рост меояд. Тақрибан зиёда 3 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳконӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст.

Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст. Ин ҷашн куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Тарихи Наврӯзро Абӯрайҳони Берунӣ дар китоби «Осор- ул- боқия», Умари Хайём дар китоби «Наврӯзнома» тадқиқ намудаанд.

Дотсентони кафедра   М.Р. Назарова ва З.А.Муҳамадиева дар баромадҳояшон қайд намуданд, ки   тавлидшавии Наврӯз бо номи шоҳҶамшед вобаста мебошад., ки он рӯз нури офтоб ба тоҷи заррини он расида, ҷаҳонро мунаввар намуд ва мардум шодмонӣ карда он рӯзро Наврӯз номиданд. Аз ин ҷост, ки Наврӯзро – «Наврӯзи Ҷамшед» мегӯянд.

Устодони кафедра Ҳ.И. Хайрова, С.А. Ҳотамова, М.А. Холматова, З.И. Шарипова, О.А. Лысых, Д.Х. Султонова ва ғайра   қайд намуданд, ки пеш аз Наврӯз одамон хонаҳои худро ба тамиз оварда, гирду атрофии онро   тоза менамоянд. Пеш аз Наврӯз ҳамаи либосҳоро низ мешӯянд. Хусусан либоси кӯдаконро,   аз баски онҳо ба чашм наздиканд, об бояд ҳамаи гарду ғуборро   шуста тоза намояд.

Дастархони Наврӯзӣ хусусиятҳои хоси худро дорад. Дар болои он бояд маҳсулоти "хафт-син" бошад, ки аз ҳарфи «С» сар мешавад: санҷид,    сирко, сир, себ, сипанд, сиёхдона, сабза ва «хафт- шин» : шир, ширини, шакар, шарбат, шона, шамъ, шароб – қайд намуданд устодон М.А.Қаюмова, Р.Раҷабов, Г.Х.Мирзоева, С.К.Ҳамроева, М.Д.Каримова, Д.М.Наҷмиддинова, Ш.Ю Мирзоева, Мананова П.

Наврӯз — ин рӯзи   хурсандӣ , рӯзи бахшидани гуноҳҳои якдигар, рӯзи покӣ, меҳмоннавозӣ. Нав­рӯз— рӯзи сулҳу субот, якдилии одамон, рӯзи фарах ва шодӣ – мегуфтанд донишҷӯён. Онҳо   инчунин таърихи   пайдошавии таоми хоси Наврӯз – суманакро қисса карданд.

Донишҷӯён дастархони Наврӯзӣ ороста, аз ашъори шоирони тоҷик    шеърҳои бахшида ба баҳор, Наврӯз қироат намуданд, суруд хонданд, рақсу бозӣ карданд.

Омӯзгори калон - С.А. Ҳотамова, Д.Х.Султонова

30.03.2021     682

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php