Садоқат ба Президент-садоқат ба Ватан!

Садоқат ба Президент-садоқат ба Ватан!

Рӯзи 16-уми ноябри соли 2020 дар кафедраи урологияи МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ҷаласаи кафедра баргузор гардид. Ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Аз ин лиҳоз мавзӯи ҷаласа «Садоқат ба Президент-садоқат ба Ватан!» буд.

Ҷаласаро мудири кафедра д.и.т., профессор Шамсиев Ҷамолдин Амриевич ифтитоҳ намуда, мақсади баргузории онро шарҳу тавзеҳ дод. Ҷамолдин Амриевич қайд намуданд, ки сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд.

Дар ҷаласа Саъдуллоев Ф.С – номзади илмҳои тиб, ассистенти кафедра суханрони намуд: тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд»; Президенти Точикистон пайваста дар бораи инкишофи соҳаи мактабу маориф, илму маърифат, фароҳам овардани шароитҳои мувофиқ барои таҳсилу касбомӯзӣ ва ҳаёти ҷавонон ғамхориҳо зоҳир менамояд. Маҳз тавассути ғамхориҳои доимиву пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ба ин мақсад шумораи зиёди муассисаҳои оливу миёна, китобхонаву осорхонаҳо, марказҳои варзишиву дилхушӣ сохта шуда, ба ихтиёри ҷавонон пешкаш шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама баромаду суханрониҳояш пайваста таъкид месозад, ки ҷавонон қувваи бузурги созанда ва ояндаи миллату давлат буда, барои онҳо бояд тамоми шароитҳо фароҳам оварда шавад. Аз ин лиҳоз, таъкидҳои падаронаи Сарвари давлатамон ҳар яки моро водор менамояд, ки тибқи дастурҳои Президенти кишвар амал намуда, бо меҳнати ҳалолу созанда, таҳсили аъло, интизоми намунавӣ ба дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат, рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданиву маърифатӣ ва муҳофизати Ватани азиз саҳм гузорем.

Мудири кафедраи урология д.и.т., профессор  -  Шамсиев Ҷамолдин Амриевич

20.11.2020     464

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php