Нишасти мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар кафедраи урология

Нишасти мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар кафедраи урология

Санаи 24 ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар кафедраи урология зери унвони «Парчами давлатӣ рамзи давлатдории мо» нишасти мизи мудаввар доир гардид, ки дар он мудири кафедра д.и.т., профессор Шамсиев Ҷамолдин Амриевич ва њамаи асситентон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур мудири кафедра ҳамаи ассистентонро ба муносибати ин иди муҳими давлатӣ табрик гуфта, иброз намуд, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи садоқат ба Ватан ва давлатдории миллӣ буда, ҳамасола санаи 24 ноябр мардуми бонангу заҳматқарини Тоҷикистон ин идро бо ифтихор ҷашн мегиранд.

«Парчам дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ рамзи давлати соҳибихтиёрӣ тоҷикон буда, мардуми сарбаланди кишвар бо эҳсоси ватандориву ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ зери ливои давлати худ содиқона заҳмат кашида ба сӯи ояндаи неку осудаи Ватани азизамон Тоҷикистони биҳиштосо менигаранд.»

Зимни баромади худ мудири кафедраи урология аз суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ёдовар шуданд, ки «Имрӯзҳо хурду бузурги мамлакат эътимоди комил доранд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи озодӣ, ояндаи ободу осуда ва мояи ифтихори халқи соҳибдавлати тоҷик то ҷовидон парафшон хоҳад буд».

Мудири кафедра, қайд карданд, ки халқи сарбаланди тоҷик аз давраҳои қадим ба суннатҳои парчамдорӣ диққати махсус зоҳир намуда ба рамз ва арзишҳои миллӣ ва ойину суннатҳои давлатдорӣ арҷгузори мекарданд.

«Ҳар як сокини кишвар вазифадор аст, ки Парчами давлатиро мисли гавҳараки чашм ҳифз намуда, дар саросари олам барои муаррифӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш, парчамбардори ватан бошад.»

Дар нишасти мизи мудаввар инчунин ассистентони кафедра дар бораи таърихи парчамдории халқи тоҷик, Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва рамзҳои Парчами давлатӣ суханронӣ карданд. 

Мудири кафедраи урология

д.и.т., профессор                                              Шамсиев Ҷамолдин Амриевич

24.11.2020     398

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php