Нишасти мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО -ВИЧ/СПИД) дар кафедраи урология

Нишасти мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО -ВИЧ/СПИД) дар кафедраи урология

Рӯзи 1 декабр дар кафедраи урология бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО -ВИЧ/СПИД) нишасти мизи мудаввар доир гардид, ки дар он мудири кафедра д.и.т., профессор Шамсиев Ҷамолдин Амриевич, асситентон ва донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур мудири кафедра таъкид намуданд, ки чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши наврасону ҷавонон бобати хавфи вируси бемории ВНМО/БПНМ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани ин бемории сироятӣ байни ҷавонон мебошад. Ин вирус тадриҷан дар дохили организм афзоиш меёбад, ҳуҷайраҳои хунро вайрон мекунад, ки онҳо унсури системаи ҳимоятгари организм мебошанд. Агар инсон ВНМО дошта бошад, чунин маъно надорад, ки дар ё БННМ зуд инкишоф меёбад. Вирус метавонад дар организм даҳ сол ва аз он ҳам бештар ҷой дошта бошад то ба он даме, инсон ягон аломати маризиро ҳис намояд.

Ҳамзамон, дар мизи мудаввар донишҷӯён вобаста ба роҳҳои бартарафсозии ин вабои аср фикру мулоҳизаронӣ намуда, барои пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ пешниҳодҳои муфид баён намуданд.

Мудири кафедраи урология, д.и.т., профессор  -  Шамсиев Ҷамолдин Амриевич

02.12.2020     506

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php