Ёрии амалии кафедраи травматология ва ортопедия ба сохтори осебшиносии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон

Бо мақсади баланд бардоштани сифати кӯмаки тиббӣ ба ахолӣ  ҳангоми осебҳо ва бемориҳои ортопедӣ, баланд бардоштани  дониши духтурони маҳаллӣ ва ворид кардани технологияҳои муосир дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо якҷоягӣ то Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои осебшиносӣ аз ш. Душанбе аз тарафи сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор А.А. Раззоқов  нақшаи рушти соҳаи осебшиносӣ дар ин  минтақа пешниҳод карда, он аз тарафи Вазорат тасдиқ карда шудааст. Тибқи ин нақша кормандони кафедраи травматология ва ортопедияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо якҷоягӣ бо кормандони дигар сохторҳои осебшиносӣ аз шаҳри Душанбе ҳар ҳафта ду маротиба ба шаҳри Кӯлоб сафар карда, корҳои ободониро анҷом медиҳанд. Мӯҳлати иҷрои ин нақша аз як сол иборат буда, аллакай дар давоми 3 моҳ 15 сафари хизматӣ анҷом дода шудааст. Ҳангоми сафарҳои хизматӣ иҷрои амалиётҳои ҷарроҳӣ, гардиши шӯъба, машварати беморони амбулаторӣ, иҷрои корҳои методӣ ва гузаронидани машғулиятҳои амалӣ оид ба ташхис ва табобати осебҳо ва бемориҳои ортопедӣ анҷом дода мешаванд.

Бо дастгирии роҳбарияти Вазорат дар оянда дар ҳайати шӯъбаи осебшиносии ш. Кӯлоб ташкил кардани Маркази минтақавии осебшиносӣ барои аҳолии ин ноҳияҳо пешбинӣ шудааст. Дар як муддати кӯтоҳ ин шӯъба бо таҷҳизотҳои гуногун таъмин карда шуд. Дар доираи  корҳои ободонӣ кормандони кафедра даҳҳо амалиётҳоеро,  ки пештар танҳо дар Маркази ҷумҳуриявӣ иҷро мешуданд, анҷом доданд.  Дар натиҷаи кӯшишҳои зиёд ва ҳамкрорӣ бо воситаҳои ахбори омма миқдори беморон ва ҳаҷми хизматрасонии тиббӣ аз ҳисоби беморони пештар ба ш. Душанбе муроҷиаткунанда дар ин шӯъба хеле зиёд шуд. Яъне дар натиҷаи корҳои анҷомдодашудаистода дастрасии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии минтақа хеле бехтар шуд. Миқдори амалиётҳои иҷрошаванда хеле зиёд шуданд ва технологияҳои навъи табобат дар амалия ворид карда шуданд. 

Мудири кафедраи травматология, ортопедия ва ҶҲC

 МДТ «ДДТТба номи Абуалӣ ибни Сино»  д.и.т., профессор  -  Раззоқов А.А.

21.01.2021     398

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php