Ворид кардани эндопротезкунонии буғумҳо дар ш. Кӯлоб

Дар доираи амалисозии нақшаи чораҷӯиҳои такмили хизматрасонӣ ба аҳолӣ ҳангоми осебҳо ва бемориҳои ортопедӣ, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ тасдиқ карда шудааст, санаи 13 январи соли 2021 якумин бор дар шӯъбаи осебшиносии шаҳри Кӯлоб аз тарафи мутахассисони кафедраи травматология ва ортопедияи ДДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ҷарроҳии эндопротезкунонии буғуми косу рон гузаронида шуд. Ин ҷарроҳӣ ба бемори шикасти гарданаки рони гузаронида шуд. Ин намуди табобат ба қатори ҷарроҳиҳои баландихтисос дохил мешавад. Маблағи эндопротез аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пардохт карда шуд. Худи ҷарроҳӣ ба таври ройгон анҷом дода шуд. Ҷарроҳии мазкур дар оянда бо иштирокии мутахассисони кафедра анҷом дода мешавад. Пас аз омӯзондани мутахассисони маҳаллӣ ҷарроҳӣ барои аҳолии минтақа дастрас хоҳад шуд. Кормандони кафедра тасмин гирифтанд, ки дар оянда зина ба зина дигар технологияҳои муосири ташхис ва табобати осеб ва бемориҳои ортопедиро дар минтақаҳои гуногуни кишварамон ворид намоянд. Ин иқдом сахми арзандаи кормандони кафедра оиди амалисозии ҳадафҳои Ҳукумати кишвар ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тӯҳфаи мо ба ҳамин аҳолии кишвар доир ба ҷашнгирии 30 солагии Истиқлолияти кишвар мебошад. 

Мудири кафедраи травматология, ортопедия ва ҶҲC

МДТ «ДДТТба номи Абуалӣ ибни Сино» д.и.т., профессор  -  Раззоқов А.А.

21.01.2021     356

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php