Ҷашни «Рӯзи презедент»

Ҷашни  «Рӯзи презедент»

Дар кафедраи травматология ва ортопедия маҳфили ҳозирҷавобон, ки ба ҷашни «Рӯзи презедент» бахшида шуда буд, барпо гардид. Ин чорабинӣ, ки характери умумидонишгоҳӣ дошт, дар толори маҷлисгоҳи МД ММТ «Шифобахш» бо иштироки проректор оид ба корҳои тарбия Курбонбекова П.Қ., декани факултаи тиббӣ Хоҷаева Н.М., мудирони кафедраҳои соҳаи ҷарроҳии донишгоҳ ва донишҷуён бо риояи қоидаҳои санитарӣ-беҳдоштӣ барпо гардид.

Пеш аз оғози чорабинӣ мудири кафедраи травматология ва ортопедия, д.и.т., профессор А.А. Раззоқов дар бораи саҳми беандозаи Пешвои миллат, Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҷомеъа, инчунин дар соҳаи тиб сухан ронд. Аз ҷониби дастаи ҳунарии донишгоҳ сурудҳои ҷолиб иҷро гардиданд.

“Маҳфили хозирҷавобон” бо иштироки 4 гурӯҳ донишҷуёни курси 5-уми факултаи тиббии дар кафедраи травматология ва ортопедия таҳсилкунанда (гурӯҳҳои 47,48,49,51) ва ординаторону интернҳои кафедра баргузор гашт. “Маҳфили ҳозирҷавобон” пеш аз ҳама характери таълимӣ дошта, ба мавзӯи расонидани кӯмаки тиббӣ ба осебдидагон бахшида шуда буд.

Маҳфил аз се қисм - саломнома, ҷавоб ба саволҳо ва вазифаи хонагӣ иборат буд. Саломнома оид ба як намуд осеббардорӣ бахшида шуда буд, ки гурӯҳҳо саҳнаҳои хаҷвӣ пешкаш карданд. Дар бахши саволу ҷавоб иштироккунандагон ба саволҳои марбут ба мавзӯъ, ки аз тарафи кафедра тартиб дода шуда буданд, бо хазлу шӯхӣ ҷавобҳо пешниҳод намуданд. Қисми вазифаи хонагӣ ба мавзӯи расонидани кумаки тиббӣ бо истифодаи ягон намуди малакаҳои амалӣ ба осебдидагон, бахшида шуда буд.

Дар байни сахнаҳои ба тамошобинон пешниҳодшуда, ба ғайр аз саҳнаҳои ҳаҷвии таълимӣ, саҳнаҳои характери тарбиявидошта низ буданд. Онҳо ба камбудиҳои дар фаъолияти кормандони тиб ва худи донишҷуён ҷойдошта бахшида шуда буданд. Аъзоёни ҳакамон, ки мудирони кафедраҳои донишгоҳ буданд, ба баромади аъзоёни гурӯҳҳо баҳои баланд доданд. Ба ғолибони махфил аз ҷониби Курбобекова П.Қ.- проректор оид ба корҳои тарбия туҳфаҳои хотиравӣ(китоб) ва ифтихорномаи ректори донишгоҳ супорида шуд.

Дар хотима аъзоёни ҳакамон - проректор оиди тарбия, декани факулта ва мудирони кафедраҳо - баргузории маҳфили ҳозирҷавабонро дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда, аҳамияти сиёсӣ, таълимӣ ва тарбиявии онро таъкид карданд. Гузашта аз ин, зарурати ворид намудани ин намуди инноватсионии таълим дар дигар кафедраҳо қайд карда шуд. Дар анҷоми маҳфил гурӯҳи ҳунарии донишгоҳ хотири ҳозиринро бо сурудҳои руҳнавози ба мавзӯи ватандустӣ бахшидашуда шод гардониданд.

Таъкид ба қайд аст, ки ин чорабинӣ бори дигар тарафдории ҷавононро аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, собит намуд. 

Мудири кафедраи травматология ва

ортопедия, д.и.т., профессор - Раззоқов А. А.

19.11.2020     478

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php