Базаи клиникии кафедра


Пойгоҳи клиникии кафедра дар шӯъбаи травматология ва ортопедияи МД ММТ ҶТ «Шифобахш», Маркази тиббӣ «Истиқлол» ва «Мадади Акбар» ҷойгир мебошад. Ҳар сол ба мо аз 3 то 5 ҳазор беморон бо осеб ва бемориҳои системаи такяву ҳаракат муроҷиат мекунанд. Фаъолияти ҷарроҳии клиника аз 47,3 то 62,5%- ро ташкил медиҳад. Дар шӯъбаҳои махсусгардонидашуда методҳои муосири ташхис ва табобати беморони травматологию ортопедӣ, остеосинтези компресиониву дистраксионӣ, тармими лавсанӣ, амалиёти ҷарроҳӣ дар сутунмӯҳра ва буғумҳои калон, мушакҳо ҳангоми деформатсияҳои модарзодӣ ва дар давоми ҳаёт пайдо шудаи андомҳо, буғумҳои қалбакӣ, дефекти устухонӣ, пластикаи устухонӣ, эндопротезкунонии буғумҳои калон ва ғайраҳо истифода бурда мешавад. Дар фаолияти кормандони кафедра ҷои намаёнро ишғол мекунад. Коркарди методҳои муосири ташхиси, профилактикӣ ва табобати, ки онҳо ворид карда шудаанд дар кори шӯъбаҳои маҳсусгардонидашудаи травматологиву ортопедии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ. Ҳамин тавр аз соли 1970 то замони ҳозира зиёда аз 500 методҳои муосири ташхис ва табобати осебҳо ва бемориҳои системаи такяву ҳаракат ворид карда шудаанд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php