Касалии парадонт ва роҳҳои пешгирии он

Парадонт aз калимаи юнонӣ (para – назд ё милк ва odontos – дандон, яъне милки дандон) гирифта шуда маънои иллати бофтаҳои милки дандонро дорад. Дар аснои гирифтор шудан ба он канораҳои алвиолии ҷоғ ковок шуда, боиси ҷунбидан мегардад.

Мувофиқи маълумоти ташкилоти умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ зиёда аз 75 фоизи одамони калонсол гирифтори ин касалианд. Парадантоз аз газак ва ихтилоли тағзия даставвал дар милки дандон пайдо мешавад. Парадонт ба ҷуз милки дандон бофтаҳои атрофи решаи ҳар як дандон (парадонт), пардаи устухон ва устухони лоначаи дандонро дар бар мегирад. Ҳангоми гирифтор шудан ба ин касалӣ ихтилол милки дандонро фаро мегирад, пардонт тадриҷан кабуд мешавад ва дар натиҷа решаи дандонҳо урён мегарданд. Дандонҳо оҳиста-оҳиста лиққонак шуда, оқибат меафтанд. Бемории парадонтоз метавонад солҳои тулони давом кунад. Сабаби пайдоиши ин касал бисёр ва гуногун буда, ҷараёни инкишофи он ин тариқа сурат мегирад: омилҳои асабия ва гардиши хун сабабгори асосии пайдоиши ин касалианд. Бо таъсири асабонӣ шудан, гирифторӣ ба касалиҳои сирояткунанда,маъюб шудан ё иллатҳои ҷаври даҳон моддаҳои заҳролудкунандаи асаб ё бо истилоҳи тиб нейротоксинҳо ба вуҷуд меояд. Дар натиҷаи афзудани нейротоксинҳо ва таъсири дигар омилҳо , ба мисли зиёд тановул кардани равғани ҳайвонот(холестирин), норасоии витаминҳо, алалхусус витаминҳои “В1”, ”С”,”А”, ”Е”, рагҳои хунгарди парадонт танг мешаванд. Оқибат муқовимати бофтаҳо бактерияҳои касалиовар суст мегарданд, аз ғилофи байни милки дандон фасод меравад(аксар вақт шабона вақти хоб).

Касалии парадонтоз махсусан дар мавридҳои зерин инкишоф меёбад:

а) организми одам гирифтори ягон касалии умумӣ, ба мисли захми меъда ё рӯдаи дувоздаҳангушта, норасоии хун ба мушаки дил, касалии диабети қанд ва ғайра бошад;

б) ҳангоми тановул нобаробар кӯчидани хизмат ба дандонҳо бештар дар шахсоне , ки баъди афтидани як қисми дандонҳояшон сари вақт ба дандони сунъи иваз намешаванд;

в) санги дандон, хусусан дар зери милк зиёд шуда бошад;

г) дандонҳо эҳтиёт ва парвариш карда нашаванд, яъне мунтазам бо хока ё хамираи дандоншӯйи тоза карда нашаванд;

д) тарзи зиндагии номӯътадил доштан;

Парадонтоз фақат иллати як узви бадан нест. Ҷавфи даҳон ҳангоми ба касалӣ дучор шудан барои узвҳои дигар манбаи сироят мегардад.Аз таъсири он инкишоф ёфтани иллатҳои хавфнок дар дил, гурда, ҷигар барин узвҳои муҳимтарини организми инсон имконпазир мегардад. Шахсоне, ки дандонҳояш бартамом рехтаасту дандони сунъӣ нагузоштаанд, дер ё зуд ба касалиҳои захми меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, гастрит, ихтилоли рӯда, ҷигар, ғадуди зери ҷигар ва гайра дучор мегарданд. Касалии парадонтозро бо ин роҳҳо пешгирӣ кардан мумкин аст:

1. Соле ду маротиба (баъд аз ҳар шаш моҳ) ба табиб стоматолог муроҷиат намуда, санги дандонро тоза кунондан;

2. Пломба, протез вайрон ё ноқулай шуда афтода бошад, парадонт маъюб мешавад, бинобар ин зудтар пломба ё протезро иваз кунондан;

3. Ҷавфи дандон дуруштӣ дошта бошад, бо усулӣ ҷарроҳӣ бартараф бояд кард;

4. Вазни хизмат бояд ба ҳамаи дандонҳо баробар афтад;

5. Тамокукашӣ майнӯшӣ барин одатҳои зарарнок ё машғулиятеро, ки ба касбу кор алоқаманд буда, барои саломатӣ дар айни замон зараровар аст, қатъ намудан;

6. Барои таҳқиқи рагҳои хуни рӯй ва ҷоғҳо, беҳтар ба ҳаракат овардани хуни бофтаҳои парадонт машқҳои махсуси гимнастикии рӯй, ҷоғ ва лабҳоро ба ҷой овардан;

Бо ангушт маҳс(массаж) кардани милки дандонҳо низ бефоида нест. 

     Муаллими калони кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ  -  Таибов С. А.

     Ассистенти кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ н.и.т.  -  Ёраков Ф.М.

 

03.02.2021     822

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php