Чорабинии иттилоотӣ - ҷашнӣ таҳти мавзӯи Ҷашни Сада

Чорабинии иттилоотӣ - ҷашнӣ таҳти мавзӯи Ҷашни Сада

Хез, то ҷашни Сада барпо кунем,

Расми аҷдодии худ эҳё кунем

Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парлумони Ҷумҳурӣ охири моҳи октябри соли 2017 ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту илова дохил намуд, ки мутобиқи он ҳамасола санаи 30-юми январ дар Ҷумҳурӣ Ҷашни Сада таҷлил мегардад.

Чорабинии иттилоотӣ - ҷашнӣ таҳти мавзӯъӣ “Ҷашни Сада”, санаи 30. 01. 2021 дар кафедраи психиатрия ва психологияи тиббӣ ба номи проф. М. Ғ. Ғуломов, барои донишҷӯёни гурӯҳҳои 16 ва 17 курси панҷуми факултаи тиббӣ баргузор гардид.

Ташкилкунанда ва маърӯзагари чорабинӣ ассистенти кафедра, мутассадӣ оид ба тарбия Ш. С. Маҳмадназаров. Дар чорабини ассистентони кафедра Назимов А. А., Тағоев А. А., Хакимов В. Б. иштирок карданд.

Бино ба тадқиқоти олими мардумшинос ва мутахассиси фолклор Равшан Раҳмонӣ таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ), устураҳои мансух ишора рафта ва тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст.

Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ аз 3000-то 5000 сол пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Сада то асри 12 ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он - гулхан афрӯхтан, дар гирди он базм оростан ҳанӯз ҳам дар байни мардуми тоҷик ба назар мерасад.

Мувофиқи ривояти "Шоҳнома" Ҳушанг шоҳи пешдодиён ин ҷашнро асос гузоштааст. Гӯё Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро ба море дучор меояд. Ҳушанг сӯйи мор санг меандозад. Санг бар санги дигар бархӯрда аз он оташак меҷаҳад ва ба ҳамин васила оташ кашф мегардад. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташ афрӯхта ба он саҷда мекарданд. 

Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр. 

Дар ин бора Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст:

«Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоду қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст»

«Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», 2006, С.263

Ҳамин хусусиятро инсонҳои замони бостон эътироф намуда, аз гармии Хуршед баҳра мебурданд ва алоҳида онро ниёиш карда, пасон, рӯшноӣ ва оташро ба он нисбат дода, ин унсурҳои табииро кашф карданд ва ба онҳо эътиқод оварда, ба парастишашон оғоз намуданд, ки баъдҳо муҷиби пайдо шудани ҷашни Сада гардидааст. Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ доранд, ки он ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Дар доираи ташаккули ҳамин унсурҳои ба ҳам зид гузаштагони мо, аз ҷумла қавмҳои ориёӣ ду фасли сол доштанд, ки ин ҳамон муборизаи Ҳурмузду Аҳриман ва муборизаи равшанӣ бо торикиро ба ёд меорад. 

Ҳамин ки аз зимистони бузург сад рўз мегузашт, мардум ҷашни оташ, яъне Садаро барпо менамуданд. Онҳо бовар доштанд, ки лаҳзаҳои сармои ҷонкоҳ гузаштаасту нармию гармӣ вориди рўзгори мардум шудааст. Аз гузаштани сармои шадид, ки неруи аҳриманӣ аст, хушҳолӣ карда аз дашту саҳро ҳезум, бутта, хошок ҷамъ оварда, хирмани бузург месохтанд. Баробари расидани торикӣ он хирмани ҳезуму хасу хошокро оташ мезаданд, ки аз ин оташ ҳама ҷо фурўзон мегашт ва дар гирди он рақсу бозию хушҳолӣ менамуданд. Дар он рўзгорони қадим ниёгони ориёиҳо бар он бовар буданд, ки ин гулхан ҳамчун неруи Ҳурмузд бозмондаҳои сарморо, ки марбути Аҳриман аст, нобуд месозад

Дар ишороти тарих, ин ҷашн ҳамеша ба шакли дастҷамъӣ ва бо гирдиҳамойии ҳамаи мардумони шаҳр, маҳалла ва русто дар якҷо ва бо барпойи як оташи бузург баргузор мешуда аст. Мардумон дар гирд овардани ҳезум бо якдигар мушорекат мекунанд ва ба ин тартиб ҷашни Сада, ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон аст. Ҳамин тавр чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман (30 январ), чун Сада ҷашн мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21 март замони ба балоғат расидани онро, ба таври густурда ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст. 

Мудири кафедраи психиатрия ва 

психологияи тиббии ба номи проф.

М. Ғ. Ғуломов д.и.т., проф.  -  Н. М. Шарапова 

Мутассадӣ оид ба тарбия  -  Ш. С. Маҳмадназаров

30.01.2021     395

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php