Дарси кушод оид ба китоби «Тоҷикон»

Дар кафедраи биохимия дар мавзӯи «Нақши китоби академик Б. Ғафуров «Тоҷикон» дар худшиносиии миллии ҷавонон» дарси кушоди тарбиявӣ барпо гардид.

Машuулиятро дотсенти кафедра Гулов М.К. ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар аввал оид ба муҳтавои ин чорабинӣ чанд сухан гуфт. Сипас, донишҷӯи курси 2, гурӯҳи 31 Мирзоев Умед оид ба мавзeи асосии дарси кушод баромад карда зикр намуд, ки китоби «Тоҷикон» дарвоқеъ, асарест, ки дар он муборизаи халқи тоҷик бо дигар халқҳои Хуросонзамин ва Мовароуннаҳр зидди ситам ва бедодгарии низомҳои гуногуни феодалӣ ба хубӣ инъикос ёфтааст ва фарози нишебиҳои ин халқҳоро аз адвори хеле куҳан то асри ҳозир ба хубӣ ва бо диққати олимона баён доштааст. Ҳоҷиева Фариза донишҷӯи курси дуюми гурӯҳи 31 факултети тиббӣ дар ин мавзӯъ суханрони намуда гуфтанд, ки дар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дарҷ гардидааст, ки худшиносии миллӣ ормони ҳазорсолаи халқи куҳанбунёду ҷафодидаи мост, ҳатто дар зери юғи истилогарони аҷнабӣ ҳам андешаи миллӣ чун ахгари зери хокистар худафрӯзӣ дошт ва ҳамин андешаи фанонопазир халқи моро имкон дод, ки фарҳанг, маънавиёт, забон ва чеҳраи аслии худро аз умӯи асрҳо то ба имрӯз бирасонад. Дар муҳокимаи мавзӯъ донишҷӯён Соҳибназарова Раҷабмоҳ,   Миршаропова Садбарг ва Расулов Истам иброз доштанд, ки танҳо баъди ҳазор соли суқути Сомониён, ки истеҳкоми воқеии ҳувияту худшиносии миллати мо буданд, бо таъсиси давлати нави миллиамон дар оғози асри пурталотуми бист ин кор боз рангу бӯ пайдо кард. Дар ин самт талошҳои устод Айнӣ бебаҳсу беназиранд. Ҷонфишониҳои фарзандони бузурги халқамон Нусратулло Махсуму Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамсафу ҳаммаслаконашон далели равшани садоқат ба ин ормони ҷовидонаи миллат буд. Баъдан аллома Бобоҷон Ғафуров ҳамчун олими жарфнигару сиёсатмадори дурандеш, махсусан бо китоби бемонанди «Тоҷикон», устод Мирзо Турсунзода бо фаъолияти густурдаи адабиву ҷамъиятӣ, устод Сотим Улуғзода бо умӯи осори таърихиву ватандӯстӣ, ходимони барҷастаи илму адабу фарҳанг бо осори мондагори ҳувиятбахшояшон ба ин раванд такони ҷиддӣ бахшиданд. Бо вуҷуди ин, танҳо Истиқлолияти давлатӣ шароити таърихӣ ба вуҷуд овард, ки ғояи худшиносии миллӣ ба сатҳи сиёсати давлатӣ бароварда шавад.

Мудири кафедраи биохимия Махсудова М.С. ба сухан баромада қайд намуданд, ки Сарвари давлати нави тоҷикон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худ шахсест бисёр миллӣ ва ба масоили худшиносиву худогоҳӣ басо ҳассос, бо ҳама иқдоми хеш сабақе аз ҳуввияту бедории миллӣ медиҳад ва бозгӯ мекунад, ки дар ҷаҳони печидаи имрӯз дар баробари арзишҳои бузурги миллӣ чун ваҳдату ягонагӣ, Парчаму суруди миллӣ симои хоси ахлоқиву маънавӣ, донишандӯзӣ, соҳибҳунарии xавонон низ миллатро барҷову пойдор нигоҳ медоранд. Дар си соли даврони Истиқлолияти давлатӣ насли нави фарзандони халқамон ба камол расид, ки дар муҳити тафаккуру андешаи миллӣ арзишҳову муқаддасоти замони навро бо шири модар пазируфт. Мутахасиси шӯбаи тарбия Юлдошева Омина Ихтиёровна ба ҳамаи гуфтаҳои дар боло дарҷ гардида баҳои баланд дода илова намуданд, ки шеър донистану сухан гуфтан дар зиндагии миллати мо мавқеи ҷудогона дошта, яке аз василаҳои озмудаву муассири тарбияи ҷавонон низ ба шумор меояд. Бинобар ин мо ҷавонон бояд барои омӯзиши   осори пурбаҳои шоирону нависандагон ба таври xиддӣ камари ҳиммат баста, ҳисси худшиносии миллии худро rавитар намоем. 

М.К. Гулов,

дотсенти кафедраи биохимия, н.и.б.

 

09.03.2021     570

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php