Корҳои таълимӣ


Дар кафедра ҳамасола дастурҳои методӣ бо забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ барои донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ, фарматсевтӣ, НТҶ донишҷӯёни хориҷӣ ва бакалаврҳо аз чоп мебарояд. Дар давоми солҳои хониши 2019-20 низ ин дастурҳо бо модули кредитӣ тартиб дода шуда, барои донишҷӯёни факултетҳои зикр гардида бо забони даватӣ, русӣ ва англисӣ аз чоп баромаданд.
Дар ин дастурҳо барои кори мустақилонаи донишҷӯён ҷойи махсусе гузошта шудааст, ки донишҷӯ метавонад, дар он ҷо фикри худро оид ба мавзӯъ қайд намояд. Инчунин, дар дастурҳои методӣ иҷрои корҳои амалӣ дода шудааст. Дар ҳар як кори амалие, ки аз тарафи омӯзгор бо донишҷӯён гузаронида мешавад, натиҷа ва хулосаи кор қайд карда мешавад.
Дар дастури методӣ оид ба ҳар як мавзӯъ ва дарсҳои ҷамъбастӣ саволҳои санҷишӣ дода шудааст.

Корҳои тарбиявии кафедра


Корҳои тарбиявӣ яке аз қисмҳои асосии фаъолияти кафедра ба ҳисоб рафта, ба он ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва дар рафти тайёрӣ, аҳамияти чиддӣ дода мешавад. Ҷараёни таълиму тарбия дар ҳамбастагӣ ба роҳ монда шудаанд. Омӯзгорони кафедра доимо бо донишчуён оид ба тарбия ва тартибу интизом суҳбатҳои алоҳида ва умумӣ мегузаронанд. Онҳо кураторони гурӯҳҳои гуногуни курси дуюми факултаи тиббӣ мебошанд ва аз рӯи нақшаи корӣ соатҳои кураторӣ мегузаронанд.
Дар соатҳои тарбиявии кафедра мунтазам доир ба мавзӯъҳои тарбиявӣ, ба монанди суҳбат дар хусуси мавзӯъҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, маданияти донишҷӯён, ахлоқӣ, ватандӯстӣ, фаъолияти касбӣ, симои ахлоқии духтур, оид ба зарари тамоку ва оқибатҳои нашъамандӣ гузаронида мешавад.
Ташкили мизҳои мудаввар, суҳбатҳо ва чорабиниҳои гуногун бахшида ба ҷашни «Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Рӯзи Парчами миллӣ», «Артиши миллӣ», «Рӯзи Модар», «Иди Наврӯз», «Рӯзи Ғалаба», «Ваҳдати миллӣ» ва ғайраҳо дар кафедра анъана шудааст.
Дар кафедра аз тарафи устодон барои ороиши ҳуҷраҳои дарсӣ ва бинои кафедра банерҳо ва лавҳаҳои тарбиявӣ тайёр карда шудааст.
Ҳамаи кормандони кафедра дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд. Махсудова М.С. мудири кафедра, аъзои Шӯрои олимони донишгоҳ, аъзои кумитаи барномаҳои таълимӣ тахассусии «Фарматсия», Сабурова А.М. профессор, масъули бахши илмӣ, аъзои Шӯрои олимони донишгоҳ ва факултети тиббӣ, аъзои кумитаи барномаҳои таълимӣ тахассусии «Кори табобатӣ», дотсент Қурбонова М.Б. - роҳбари маҳфили илмии донишҷӯён (МИД), аъзои кумитаи барномаҳои таълимӣ тахассусии «Стоматология», дотсент Гулов М.Қ. масъули бахши тарбия, Носирҷонова Х.Р., муаллимаи калон,ассистенти таълим, Ҳамроева Х.М. котиба, Устобаева Н.Х. раиси иттифоқи касабаи кафедра, Алифшоева С.А. масъул оид ба давомоти донишчӯёни хориҷӣ, Зоидова М.Т. масъули бахши хоҷагӣ, Тағоев А.П. оид ба техникаи бехатарӣ ва инчунин Индираи А. оид ба давомоти хониши донишҷӯёни тибқи «квота» дохилшуда масъул мебошанд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php