Фаъолияти таълимӣ- методӣ


Вазифаи асосии кафедра ба донишҷӯён омӯзонидани асоси химияи биологӣ ва аз худ намудани корҳои клиникаи биохимиявӣ буда, дар кафедра дарс аз рӯи барномаи тасдиқшуда гузаронида мешавад.
Дар кафедра донишҷӯёни курси 2-юми факултаҳои тиббӣ, (хориҷӣ) стоматологӣ, нигоҳдории тандурустӣ, бакалврҳои хориҷӣ ва донишҷӯёни курси 3-юми факултаи фарматсевтӣ бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дарс меомӯзанд.
Барои пурмаҳсул гардонидани ҷараёни хониш дар дарсҳо як қатор тағйиротҳо (тести санҷишӣ барои муайян намудани сатҳи дониши донишҷӯён, ҳал намудани кроссворди биохимиявӣ ва ҳал намудани масъалаҳои ситуатсионӣ) илова карда шуд. Барои чунин ҷараёни таълим 1000 саволҳои тестӣ тайёр шудааст.
Аз соли 2011 инҷониб, дар кафедра дарсҳо ба таври системаи рейтингӣ ба роҳ монда шуда, аз моҳи марти соли 2016 ин система аз байн бардошта шуд ва дарсҳо ба таври системаи анъанавӣ гузаронида мешаванд.
Аз соли хониши 2017 дар факултетҳои тиббӣ, тиббии хориҷӣ, (бакалаврҳо), педиатрӣ, стоматологӣ, фарматсевтӣ ва ҳифзи ташкили саломатии ҷомеа (НТҶ) дарсҳо ба таври системаи модули кредитӣ мегузарад.
Бо истифода аз системаи модули кредитӣ як қатор масъалаҳоро ҳал намудан, ба дониши донишҷӯён баҳои объективӣ додан, аз ҳисоби корҳои мустақилонаи донишҷӯён рафти дарсҳоро фаъол намудан, фаъолияти донишҷӯёнро баланд бардоштан мумкин аст. Ҳамченин, пешакӣ доир ба хулосаҳои дарсҳои гузашта маълумот додан, донишҷӯёнро бо фанни омӯзишӣ ҳавасманд намудан, онҳоро ба маҳфили МИД ҷалб намудан лозим аст. Ҳангоми таҳлили дарс ва гузаронидани кори мустақилонаи донишҷӯ ба чунин чизҳо баҳо дода мешавад:
- натиҷаи ҷавоби даҳонӣ ҳангоми дида баромадани мавзӯъ;
- натиҷаи корҳои лабораторӣ ва натиҷаи ҳосилшударо ҳангоми ташхис
дуруст истифода бурдан.
- натиҷаи санҷиши тестии донишҷӯён дар мавзӯи дарси амалӣ.
Аз рӯи ҷавоб ба қисмҳои гуногуни дарс баҳои миёнаи донишҷӯ муайян карда мешавад ва ин баҳо ба дафтари гурӯҳ гузаронида мешавад.
Тибқи низоми модули кредитӣ, ҳавасмандии донишҷӯён дар ҷараёни дарс зиёд гашта, барои гирифтани баҳои хубу аъло ва баланд намудани дараҷаи дарсазхудкунӣ кӯшиш менамоянд. Низоми модули кредитӣ донишҷӯро водор менамояд, ки ба дарсҳо поквиҷдонона тайёр шуда, барномаи таълимиро аз худ намоянд.
Машғулиятҳои амалӣ ва лабораториро устодони кафедра барои ҳамаи донишҷӯёни факултетҳо бо забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ аз рӯи дастурҳои методӣ мегузаранд.
Тайи солҳои 2012 – 2020 аз тарафи устодони кафедра якчанд дастурҳои методӣ ва курси лексия аз фанни биохимия бо забони давлатӣ ва русӣ нашр гардид.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php