Таърихи кафедра


Дар аввали солҳои 1931-1932 дар ш.Душанбе ва чанде бадтар дар ш.Хуҷанд аввалин шӯъбаҳои асаб кушода шуда, дар онҳо қабули амбулатории бемориҳои асаб оғоз ёфт.Аввалин пионерҳо аз духтурони асаб дар Тоҷикистон Н.И. Репин, Е.С. Крылова ва Б.Т. Мамкин ба ҳисоб мераванд. Баъд аз ташкил ёфтани ДДТТ соли 1939-ум бо ташабусси олими шинохта, профессор М.Я. Сирийский соли 1941-ум дар заминаи шӯъбаи асабшиносии беморхонаи шаҳрии №1 ш. Душанбе, кафедраи равоншиносӣ ва асабшиносӣ ташкил гардид. Соли 1942-ум дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бисёре аз олимони собиқ иттиҳод ба кишварҳои Осиёи миёна сафарбар шуданд. Дар миёни онҳо асабшиносон дотсент Ф.М. Лисица ва А.С. Пенсик низ буданд. Маҳз дар ҳамин сол (1942) кафедраи асабшиносӣ аз кафедраи равоншиносӣ ҷудо гашта, бо роҳбарии профессор А.С.Пенсик ба фаъолият шурӯъ кард. Аз ин давра ва минбаъд омода намудани мутахассисони асабшиноси маҳалӣ дар ҷумҳурӣ оғоз гардид, ки пайваста ба корҳои илмию-амалӣ даст заданд. Ҳайати кафедра дар солҳои 50-ум аз ҳисоби мутахассисони варзида, чун А.М. Пӯлодов, Е.Н. Кутчак, А.Х. Файзуллоев, М.К. Каюмова, Р.А. Гершович, П.С. Мовсесян, Т.И. Холаева, И.Ю. Алимов, А.Т. Юнусова, М.К. Максунова, О.И. Дубровина, Л.В. Животкова, Г.Н. Окулова ва дигарон ба маротиб афзуд. Ҳамин тавр дар ин солҳо бо роҳбарии доктори илмҳои тиб, профессор Александр Семенович Пенсик ва дотсент Фокия Маисеевна Лисиса кафедраи асабшиносӣ ру ба ташакул ниҳод. Аз ин рӯ барои тақвим додани риштаи асабшиносӣ дар Тоҷикистон проф. Пенсик А.С соли 1959 бо унвони баланди давлатӣ «Корманди хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуда буд. Солҳои 1955-1957 вазифаи мудири кафедраи асабшиносӣ муввақатан ба зиммаи номзади илми тибб А.М.Пулодов вогузор гардида солҳои 1957-1962 бошад вазифаи мудири кафедраро профессор Суркой Гайдарович Ахундов ба уҳда мегирад. Аз соли 1963-ум баъд аз ҳимояи кори докторӣ вазифаи мудири кафедра то соли 1991-ум ба дӯши яке аз шогирдони олими шинохтаи дунё Е.К. Сепп, Пулодов Абдумаҷид Мӯсоевич вогузор гардид. Дониши бойи илмӣ, таҷрибаи андухтаи корӣ дар муассисаҳои бузурги ш. Москавро, А.М.Пулодов бо тамоми ҳастӣ дар хадамоти асабшиносии миллии ҷумҳурӣ ривоҷ дода, ба он шохаи мавқеӣ-ташхисӣ медиҳад, зеро баҳодиҳии осебҳои мавқеии системаи асаб танҳо дар сурати мавҷуд ва истифода бурдани усулҳои ёрирасони воқеии тиббӣ имкон дорад, ки мутаассифона чунин мутахассисон набуданд. Аз ин ру бо ибтикори ӯ як даста духтурҳои ҷавон ба мисли С.Д. Додхоев, Д.Р. Исмаилов, М. Мулохолаев, М.Ю. Юсуфҷонов, Г.К. Пӯлодова, М.Р. Зияева, Н.В. Сафян, С.Г. Попандопуло, А.А. Каломейсева барои тайёрии махсус ба ш. Москва фиристода мешаванд. Пас аз хатм, онҳо ба ҷумҳуриамон чун мутахассисони варзидаи соҳаи худ баргашта, фаъолона дар коркарди корҳои ташкилӣ ва ташхисӣ ҳамроҳ гашта, озмоишгоҳҳои мавҷударо васеъ намуданд. Озмоишгоҳҳои навро барои электрофизиология (ЭЭГ, РЭГ, ЭМГ, ЭХО-ЭГ), ҳуҷраи нейропсихология, нейроофталмология, отоневрологияро поягузорӣ ва омода намуданд. Ин хадамот дар кори илмӣ-ташхиси накши муассир бозида, сатҳи таълимӣ-педагогӣ ва машваратиро баланд бардоштааст. Дар ин давра асоси молии клиника, ҳайати таълимӣ, муҷаҳазсозии маҷтамаъи озмоишгон ба маротиб афзудааст. Миқдори рахтҳо то ба 150 адад афзудааст. А.М.Пулодов ба асабшиносии давраи тифлӣ диққати махсус мединад, онро ба ҳайси хадамоти махсусгардонидаи алоҳида медонад. Аввалин бор дар шаҳри Душанбе бахши асабшиносии бачагона иборат аз 60 рахти хоб боз мешавад, ки 20-тои он бо таҷҳизоти махсус барои кӯдакон ҷиҳонида мешавад. Ҳамин гуна бахшҳо иборат аз 20 рахти хоб дар марказҳои вилоятҳо боз карда шудааст. Ҳамзамон мутахассисони илмӣ- педагогӣ аз ҳисоби педиатрҳо, чун Т.И. Хоҷаева, И.Ю. Олимов, С.М. Мирзоева, А.Б. Бобоев, Н.Б. Хусайнҷонова маҳз дар ин давра таҳти сарварии эшон тайёр карда шудаанд. Дар соли 1968 тибқи талаботи замон номи кафедра ба кафедраи бемориҳои асаб ва асосҳои ирсияти тиббӣ табдил дода шуд. Дар кори тайёр намудани мутахассисони махсуси ин риштаи асабшиносӣ диққати махсус дода шуда, дар барномаҳои дарсҳои амалӣ ва назариявӣ давраҳои нав оид ба ирсияти тиббӣ ва бемориҳои ирсии силсилаи асаб ворид гардид. А.М.Пулодов ба масоили васеи асабшиносӣ, чун ошкоршавии клиникии арахноидитҳои мағзӣ пас аз зуком, сактаи мағз бо варамҳои дуруғравия, қонуниятҳои осебҳои интихобӣ ҳангоми полиомиелит, ботулизм, этиологияи брюселез, парешонхотирӣ, бемории саръ ва кундзабонӣ диққати махсус медиҳад. А.М. Пулодов этиология ва патогенези як қатор бемориҳои системаи асабро аз ҷиҳати илмӣ асоснок кард ва чандин аломатҳои нави зоҳиршавии бемориҳои асабро баён намуд, ки дар илми ҷанонӣ бо номи ӯ машҳуранд. Маҳс симптомокомплекси Пулодов, рефлексии сару руй (рефлексии краниофастсиалии патологии Пулодов), фалаҷи асаби руй ба номи Пулодов.А.М. Пулодов аз ибтидои фаъолияти меҳнатиаш ба тайёр намудани мутахассисони илмӣ-педагогӣ диққати махсус медиҳад. Бо дастгирии у такрибан дар як вакт рисолаҳои номзадии худро А.Х. Файзуллоев, Т.И. Холаева, А.Т. Юнусова, М.К. Максунова дифоъ намуданд. Ҳамзамон як қатор кормандон дар мавзуъҳои соҳаҳои мухталифи норасогиҳои ҷиддии гардиши хун дар мағз, чун масоили терапияи патолоҷӣ (С.М. Мирзоева), тағиротҳои ликворолоҷӣ (О.Я. Илябаев), тавсифи иммунолоҷӣ (Г.Р. Хадибоева), нақши уфунатҳои персистӣва пайдоиши онҳоро (Б.Д. Муҳаммадова) мавриди омӯзиш қарор медиҳанд ва дар ин ришта ҳимояҳои илмӣ ба анҷом мерасонанд.Самти дигари басо муҳими тадқикотҳои илмӣ ин синдромиихтилоҷӣ дар кӯдакон (И.Ю. Олимов), омузиши доруи нави зидди ихтилоҷии карботин, ки дар донишкадаи кимиёи АИ ҶТ барои табобати саръии кудакон (А.Б. Бобоев) ва калонсолон (В.М. Мандриченко) коркард шудааст, ЭЭГ- клиникии тавсифи бемориҳои кундзабонӣ (Р.А. Ҳошимов), доманадории бемории Паркинсон дар минтакаҳои Тоҷикистон (М.Н. Наҷмидиннова), «Таҳлили ирсию клиникӣ ва молекулярии касолати мушакфарбеҳии ҳозиби Дюшен дар Тоҷикистон» (Р.А. Раҳмонов) мебошанд, ки мавриди тадкикотҳои илмӣ қарор гирифтаанд ва ҳимоя гардидаанд. Таъсири судманди Чашмаи нодири Хоҷа Оби-гарм барои табобати бемориҳои чорабанди миён исбот гардид. (Н.П. Канченкова). Таҷрибаи бои педагогӣ, дониши амиқи анатомия ва физиологияи системаи асаб, масоили ташхиси мавқеъӣ асос гардид, ки дар ин замина А.М. Пулодов ва А.С. Никифоров як қатор асарҳо ва китобҳои дарсиро аз қабили «Сактаи мушакию мағзӣ бо варамҳои дурӯғравия», соли 1979, нашриёти «Медицина»-и Ҷумҳурии Узбекистон; «Асабшиносии клиникӣ», соли 1972, нашриёти «Медицина» Ҷумҳурии Узбекистон; «Роҳнамо оид ба семиотикаи бемориҳои асаб» (нишонаҳо ва синдроми асаб), 1979, нашриёти «Медицина», Ҷумҳурии Узбекистон; Е.Н.Винарская, М.Пулодов «Дизартария ва аҳамияти ташхиси мавқеъии он барои осебҳои манбаъгии мағз», соли 1977, Ҷумҳурии Узбекистон; «Асабшиносӣ», 1989, нашриёти «Маориф», Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳоро чоп намоянд. Ҳамчун яке аз муаллифони китоби мазкур «Асабшиносӣ» бо забони давлатӣ заҳмати зиёде ба харҷ додаст. Пас аз ба нафақа рафтани профессор А.М. Пӯлодов аз соли 1991 то соли 1995 кафедраи асабшиносиро доктори илмҳои тиб, профессор Олимов Исмоил Юсупович ба ӯҳда мегирад. Ин давра барӯзҳои басо мушкили иктисодӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ ва баъдиҷангӣ рост омад. Ҳамзамон кучбандии иҷбории бештари мутахассисон ба фаъолияти клиника таъсири манфӣ расонид. Миқдори фонди рахтҳои хоби беморон ду баробар кам гардида, базаи моддӣ низ коста гардид, вазифаи асабшиносии бачагона қариб аз байн бурда шуд.Соли 1995-ум профессор Олимов И.Ю. бо сабаби оилавӣ ба ш. Хуҷанд ба кор мегузарад ва бо сабаби набудани доктори илм аз соли 1996 то соли 2001 кафедраро дотсент Ҳошимов Р.А. роҳбарӣ намудаанд. Аз солҳои 2001-ум ба роҳбарии кафедра тарбиягирандаи ҳамин кафедра, доктори илмҳои тиб, профессор, корманди шоистаи ҶТ Наҷмиддинова М.Н оғоз намуд, ки таҷрибаи бойи корӣ ва барқарор гаштани Ҳукумати қонунӣ ба ӯ имкон доданд корҳои тадқиқотии илмии асабшиносӣ ва илмӣ-педагогиро ба роҳ монда, корро дар кафедра фаъол гардонад. Аз сентябри соли 2007-ум роҳбарии кафедра ба зиммаи олими ҷавон, доктори илмҳои тиб, профессор Раҳматулло Азизович Раҳмонов вогузор гардид. Асарҳои илмии ӯ аз қабили «Нигоҳи навин ба асосҳои клиникӣ -ирсии бемории касолати мушакфарбеҳии қозиби Дюшен аз нигоҳи ҳуҷайравӣ» (Душанбе-2001-ум) ва «Ларзиши эссенсиалӣ» (Душанбе 2007-ум) паҳлуҳои илмии ин мавзуъро дар бар гирифта на танҳо аз тарафи олимони асабшиноси тоҷик балки аз тарафи асабшиносони Руссия ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар кафедра таҳти сарварии Р.А. Раҳмонов раванди корҳои илмию педагогӣ давом ёфта то имруз 5 аспиранти ҷавон Ф.А. Хоҷаев, В.В. Савелев М.Т. Ғаниева, Мадаминова Т.В., Исрофилов М.О. дар мавзуъҳои гуногун рисолаи номзадӣ омода намуда, онро дифоъ намудаанд. Таҳти сарпарастии бевоситаи Р.А. Раҳмонов Ҷамъияти асабпизишкони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нейрон» дар асоси чорчӯбаи қонунҳои амалкунанда ташкил гардид, ки дар он имрӯзҳо тамоми духтурони асабшиноси ҷумҳуриамон муттаҳид гашта истодаанд. Таҷҳизонидани ҳуҷраҳои дарсӣ бо компютерҳо, истифода аз шабакаи «Интернет» таъмири босифати ҳуҷраҳои дарсӣ ва толорҳо, барқарор намудани номи аввалаи кафедра дар Шурои олимон, ташкили китобхонаи «Асабшиносӣ» аз маромҳои асосии Р.А.Раҳмонов дар кафедра ба ҳисоб меравад. Таъсиси асарҳои илмӣ бо забони давлатӣ, сохтани барномаҳои дарсӣ бо ин забон дар мадди назари ӯ қарор дорад, ки ба чоп расидани китоби дарсии “Асабшиноси” тасдиқи гуфтаҳои болост. Айни замон (аз сентябри соли 2018) рохбарии кафедраро н.и.т. Ганиева Манижа Тимуровна ба ӯхда дорад. Мавзуҳои илмии кафедра таъсис ёфта, бо назардошти талаботи замон оиди пешгирӣ, ташхис, табобат аз назари талаботи ва барномаҳои азнавсози соҳаи тандурустии кишвар, корҳои зиёде ба анҷом расонида мешавад. Имрӯзҳо дар кафедра муаллимони ҷавон н.и.т. Мадаминова Т.В., н.и.т Исрофилов М.О., Асоев М.М., Исоқова М.Ҷ, Исоева М.Б., Точиддинов Т.Б., Зуурбекова Д.П., Қосимова Д.У., Холматова Г.А. фаъолона меҳнат карда истодаанд. Як қатори онҳо дар ҷустуҷуи корҳои илмӣ мебошанд. Кормандони кафедра беш аз 1300 корҳои илмиро ба нашр расонида, илми тибби тоҷикро дар конференсияҳои байниҷумҳуриявӣ, умумииттифокӣ, анҷуманҳои асабшиносону равоншиносон, инчунин дар кунгураҳои Аврупоӣ, Умумиҷаҳонӣ ва васоити ахбори умуми маҳаллӣ муаррифӣ менамоянд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php