Маҳфили зарифон

Дар кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ - маҳфили зарифон гузаронида шуд, ки дар он интернҳои кафедра, интернҳои шуъбаҳои асаб ва ординаторони кафедра иштирок намуданд. Маҳфили илмӣ-фарҳангӣ ба масъалаҳои мубрами асабшиносӣ бахшида шуд. Аз тарафи интернҳо ва ординаторон маърӯзаҳои ҷолиб баррасӣ шуда, викторина ва саҳнаҳои ҳаҷвӣ ба таваҷҷуҳи ҳозирин пешкаш гардиданд. Дар ҷамъомад намояндаи шӯъбаи такмили ихтисоси баъдидипломӣ Садриддинова М.Д. ва аз шуъбаи таълимӣ Исоева М.Б. иштирок доштанд. Аъзои ҳакамон, ки аз ҷумлаи омӯзгорон ташкил карда шуда буд, ба маҳорати иштирокчиёни маҳфили зарифон баҳогузорӣ намуданд. Дар фарҷом мудири кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббӣ, н.и.т. Ғаниева М.Т. ва намояндаи шӯъбаи такмили ихтисоси баъдидипломӣ Садриддинова М.Д. баромад намуда, зимни суханронӣ аз иштирокчиён арзи сипос карданд.

Барои викторинаву маърӯзаҳои ҷолиб иштирокчиёни маҳфил бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

27.01.2021     419

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php