28-умин солгарди Артиши милли

28-умин солгарди Артиши милли

Санаи 23 февраля соли 2021 дар кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббиӣ бахшида ба рӯзи Артиши милли чорабинии илмӣ-фарҳангӣ гузаронида шуд, ки дар он интернаву ординаторони клиникӣ бо маърӯзаву саҳнаҳои ҷолиб баромад намуданд. Сараввал мудири кафедра Ғаниева М.Т. ҳозиринро бо 28-умин солгарди Артиши милли табрик намуданд, қайд карданд, ки табибон чи зану чи мард уҳдадориҳои харбиро ба зимма доранд, шабу рӯз чун ҳарбиён дар ҳифзи саломатӣ аҳолӣ мебошанд. Чи дар майдони муҳориба чи дар осоиштагӣ содиқона ба халқу Ватан хизмат мекунанд. Барои поси хотирӣ профессор Пӯлотов А.М., ветерани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва омӯзгори кафедра Қаҳҳоров Ш.Ҳ. ҷанговар-интернатсионалист лаҳзаи хомӯшӣ эълон намуданд. Дар охири ҷамъомад ба мардони шуҷоӣ клиникаву кафедра тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

24.02.2021     347

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php