Корҳои илмию-таҳқиқотии кафедра


Ҷумҳурии Точикистон, ки 93% ҳудудашро куҳхо ташкил дода ва қисми зиёди аҳоли дар баландии зиёда аз 2000м аз сатҳи баҳр зиндаги мекунанд. Вобаста ба ин омухтани асосҳои аксуламали организм дар ҳолатҳои патологи, алалхусус садамаи вазнини косахона ва магзи сар дар холатҳои мураккаб ва носозгор барои организм дар шароитҳои гипоксия хусусиятҳои амалӣ ва назариявиро доро мебошад.
З.П. Ходжаев дар кори рисолаи доктори дар мавзӯи «Хусусиятҳои равиши садамаи шадиди пушидаи садамаи косахона ва мағзи сарро дар шароити баландкуҳ» (1970) омухта ва санҷида шудааст.
И. И. Липатцев дар соли 1970 омӯзиши тарафҳои мубодилаи обию минералиро дар ҳолати садамаи шадиди косахона ва мағзи сар дар шароити баландкӯҳ дар рисолаи номзадии худ қарор дода ва онро бо муваффақият ҳимоя кард. Маълумотҳои ба даст овардашуда дар бораи он шаҳодат медихад, ки дар шароити баландкуҳ давраи адаптация бо таъғиротҳои обию минерали мегузаранд.
Натиҷаҳои илмию тадқиқотии рисолаи Л.Б. Сергеев дар мавзӯи «Сиҳатёбии иллатии пардаҳои майна баъди пластикаи кабат-кабати бофтаҳои мулоими сар бо доруи гидрокортизон» яке аз корҳои муҳим дар амалияи ҷарроҳии асаб дар Тоҷикистон мебошад.
Аз соли 1982 то соли 2019 дар бораи проблемаҳои муҳими тиб рисолаҳои номзади аз тарафи Р.М. Муродов (1985), О.С. Содиков (1985), А.Чобулов (1990), М.Н. Бобоҷонов (1994), ва Р.Н. Бердиев (2001), Р.Г.Ашӯров (2007), Х.Дж. Раҳмонов (2009), Э.С. Хусаинов(2011), Ш.А. Турдибоев(2015), Р.Р. Муродов(2015), Х.Х. Мирзоев(2018), З.З. Хоҷаев(2019с), И.М. Хабибов(И.М.) иҷро карда шудаанд.
Рисолаи доктории мудири кафедра (2004 ш.Душанбе). А. Чобулов дар асоси тахлили 184 ҷабрдидагон, ки аз яроқи оташфишон захми косахонаи сар дар шароити муноқишаҳои ҳарбии мавқеи дар Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар рисолаи усулҳои ташхисии баландитилооти томографияи компютери, бартарии намудҳои вазнини ярадоршави ва принсипҳои асосӣ табобати ин беморон дарҷ карда шудааст.
Рисолаи доктории Р.Н. Бердиев (2007) ш.Санкт-Петербург бо ташхиси клиникии анатомии бемориҳои садамаи вазнини косахона ва мағзи сар дар бар мегирад. Дар рисола усулҳои навъи ҳозиразамони ташхис, принсипҳои ҷарроҳй беморихои осеби вазнини мағзи сар дарч ёфтааст.
Рисолаи докториро Р.Г. Ашуров (2018, ш. Минск) дар мавзӯи “Глиальные опухоли головного мозга (эпидемиология, диагностика, этапное хирургическое и послеоперационное лечение) химоя намуд.
Аз соли 2016 аз тарафи коркунони кафедра кори илми-тадқиқотии нав дар мавзӯи “Эхинококкози майнаи сар” (Усулҳои ташхису табобати ҳозиразамон ) пешниҳод карда шуд. Дар айни хол доцент М.Н. Бобоҷонов дар мавзӯи «Ташхис ва табобати эхинококкози магзи сар» рисолаи докториро ичро карда истодааст.
Ҳоло дар кафедра 2 аспирант, 5 унвонҷӯ-Саъдиев Р.З., Хоҷаназаров Ф.Г., Шоев С.Н., Исмоилов Қ.А., Ризоев И.М. корҳои илмию тадқиқотии худро давом дода истодаанд. Инчунин докторант дотсент Рахмонов Х.Ҷ. дар мавзуъи “Хусусиятхои табобати ҷарроҳии чурраи байнимуҳрагии дар шароити ҶТ” кори илмӣ бурдаистодааст. Ҳамаи онҳо мавзӯи рисолаҳои номзадии худро дар комисияи проблемави ва Шӯрои олимони факултавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино тасдиқ кардаанд.
Устодони кафедра дар семинари имлӣ минтақавӣ дар шаҳри Москва, Санкт-Петербург, Остона, Бишкек, Вена, Истамбул, Бохоро, Тошкент, Қараганда оид ба масъалаҳои табобати бемориҳои ҷарроҳии асаб бо маърӯзаҳо баромад кардаанд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php