Парчами милли рамзи давлатдории мост!

Парчами милли рамзи давлатдории мост!

Таърихи 24.11.2020с бахшида ба рӯзи парчами ммиллӣ дар кафедраи анестезиология ва реаниматология дарси кушод гузаронида шуд. Сараввал мудири кафедра н.и.т. Давлатзода Б.Х. устодон ва донишҷӯёнро ба рӯзи иди парчам табрику муборакбод гуфта қайд намуд, ки ҷашни иди Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки  имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой  дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Парчам ин нишони аввалини давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри 1992 қабулу расман тасдиқ карда шудааст.

Инчунин дар рафти гузаронидани дарси кушод бахшида ба рӯзи парчам донишҷӯи курси 6-ум гурӯҳи 31 Шарипова Зарафшон баромад карда қайд намуд, ки Парчами миллӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар кишвару ҳар халқ аст. Рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин. Парчами миллӣ ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст. Парчами миллӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад ва мо низ мефахрем, ки чунин парчам ва давлати ободу зебо дорем.

Дар фарҷоми дарси кушод мудири кафедра донишҷӯёнро оиди ҳифз намудани муқадасоти давлат, ватандӯстӣ ва сокини давлати соҳибистиқлол буданро ҳидоят намуд.

Мудири кафедара н.и.т.  -  Давлатзода Б.Х.

Ассистенти оид ба тарбия  -  Файзалиев Н.Ф.

24.11.2020     510

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php