Иштирок дар интихобот қарзи шаҳрвандист!

Иштирок дар интихобот қарзи шаҳрвандист!

Рӯзи 06. 10. 2020 дар мавзӯи “Иштирок дар интихобот қарзи шаҳрвандист!” ҷаласаи навбатии кафедраи анестезиология ва реаниматология бо иштироки мудири кафедраи мазкур н.и.т. Давлатзода Б.Х., ассистент Куватов Ш.К., Сафоев С., Файзалиев Н.Ф. ва донишҷӯёни курси 6-уми факултаи тиббӣ гуруҳҳои 45 - 51 баргузор гардид.

Мудири кафедра н.и.т. Давладзода Б.Х. ҷаласаро оғоз намуда, қайд кард: ”Боиси ифтихор аст, ки тавассути заҳмат ва талошҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат - Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон, Ватани азизамон аз он шоми торике, ки ба вартаи ҳалокат наздик буд, баромад ва имруз мо  чунин давлати ободу зебо дорем. Зеро танҳо ӯ тавонист дар рӯзҳои даҳшатбору пурфоҷеаи кишвар мардуми парешону парокандаи тоҷикро сарҷамъ оварад. Пушида нест, ки пешвои миллат дар азми кардаашон устувор монда, тӯли 5-сол бо саркардагони гурӯҳи мухолифин 5-даври гуфтушунид ва 7-мулоқот гузаронида, оқибат ба мақсади гузоштаи хеш мувафақ гаштанд. Бинобар ин моро мебояд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди  масъулят фаолона  иштирок намоем.”

Дар охир донишҷӯи факултети мазкур Сабзалиева А. аз гуруҳи 47-ум  дар ҳамин мавзӯъ баромад намуда, ҳамагонро бовар кунонид, ки донишҷӯёни донишгоҳ дар ин маракаи сиёсӣ фаолона иштирок намуда, номзади арзандаи худро интихоб хоҳанд кард.

Мудири кафедраи анестезиология ва реаниматология   н.и.т.  - Давлатзода Б. Х.

07.10.2020     396

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php