Озмуни китобхони беҳтарин дар кафедраи анатомияи патологӣ ва тибби судӣ

Дар кафедраи анатомияи патологӣ ва тибби судӣ озмуни китобхони беҳтарин аз осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар ин озмуни илмиву маънавӣ, ҳайъати омӯзгорони кафедраи анатомияи патологӣ ва тибби судӣ иштирок карданд. Озмун дар доираи китобҳои навиштаи ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, иштирокчиёни маҳфил бардошти худро аз мутолиаи  асарҳо баён карданд.

Озмун аз руйи саволномаи тартибдодаи мудири кафедра Шарипов Ҳамдам гузаронида шуд. Ғолиби озмун муаллимаи ҷавони кафедра Сангова Фарзона дониста шуд. Дар охир бо ҳайати кафедраи анатомияи патологӣ ва тибби судӣ аксҳои хотиравӣ гирифта шуд.

Мудири кафедра  -  Шарипов Х.Ю.

24.04.2021     312

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php