Гиёҳҳои шифобахш

Гиёҳҳои шифобахш

Дар Тоҷикистони азизамон растониҳои шифобахше мерӯянд, ки дар соҳаи тиб хело васеъ истифода бурда мешавад. Ин гиёҳҳои шифобахш асосан дар доманаҳои кӯҳу теппаҳо мерӯянд ва хусусияти табобатии онҳо хело баланд мебошад. Дар Тоҷикистон зиёда аз ҳазор намуди гиёҳҳои худрӯи шифобахш мавҷуданд аз ҷумла: барги зуф, испанд, қоқӯ, дулона, меваи хуч, зирк, зира, кокути, чойкаҳак ва ғайра. Бо донишҷуёни курси 3-уми гурӯҳи 9 факултаи тиббӣ оиди ин гиёҳҳои шифобахшу худрӯй дарси кушод, бо роҳбарии куратори гуруҳ, муаллими кафедраи анатомияи патологӣ Маҳмадалиева Г.С гузаронида шуд. Донишҷӯён низ оиди бисёри ин растаниҳо, ки дар маҳалли худ мерӯянд, маълумотҳои аҷиб ва фоидаоваре мисол оварданд.

Дар охир бо ҳамроҳии донишҷуён аксҳои хотиравӣ гирифта шуд.

Куратори гурӯҳ:            Маҳмадалиева Г.С

07.11.2020     2148

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php