Ҷамъияти илмии донишҷӯён

Санаи 18-02-2021 дар кафедраи анатомияи патологӣ “Ҷамъияти илмии донишҷӯён” зери роҳбарии муаллимаи коромӯзи кафедра Сангова Ф.Р баргузор гардид. Дар ин ҷамъомад донишҷӯи курси 3-ум, гурӯҳи 48-уми факултаи тибби Раҳимов Муслиҳиддин дар мавзуъи “Рак поджелудочной железы” баромад карда, сабабҳои пайдоиш, патогенез, аломатҳои макроскопӣ ва микроскопӣ, оқибати беморӣ ва роҳҳои пешгирии он маълумотҳои муфиде гуфта гузашт. Дар ин маҳфили илми омӯзгорони кафедра низ ҳузур доштанд ва дар охир фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд. Ташкили чунин маҳфилҳои илми барои донишҷӯён ва пешрафти донишгоҳи азизамон хело фоидаовар аст. Донишҷӯён низ ваъда доданд, ки дар оянда боз ҳам хубтару беҳтар дар чунин маҳфилҳо иштирок ва баромад кунанд.

Дар охири ҷамъомад бо донишҷӯён ва устодони кафедраи анатомияи патологӣ аксҳои хотиравӣ гирифта шуд. 

Мудири кафедраи анатомияи патологӣ  -  Шарипов Ҳ.Ю.

20.02.2021     418

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php