Ҳамкории муфид

28 феврал муовинони декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У. ва Раҳимова Д.С. аз ҷараёни дарсҳои амалӣ ва корҳои тарбиявии кафедраҳои бемориҳои ҷарроҳии умумии № 2 ва ҷарроҳии умумии №1 дидан намуданд. Муовини декан Бурҳонова З.У. бо донишҷӯён дар масъалаҳои тарбиявӣ суҳбат гузаронида, оиди баррасӣ намудани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як дарси амалӣ ва лексионӣ, чорабиниҳои беруназдарсии тарбиявӣ ба устодон ва мутасаддиҳои тарбиявии кафедраҳо ёдрас шуда, таъкид намуданд, ки нуқтаҳои асосии онро ба донишҷӯён баррасӣ намоянд.Дар ҷараёни санҷиш мудирони кафедра муовинони деканро раҳнамоӣ мекарданд.
Дар кафедраи ҷарроҳии умумии №1 дар дарси устоди варзида, н.и.т.,дотсент Саидов А.С., иштирок намудем. Устод донишҷӯёнро барои иштирок дар ҷараёни ҷарроҳӣ сарварӣ менамуданд.Дар суҳбат муаллима Бурҳонова З.У.ба донишҷӯён муроҷит намуда онҳоро ба донишомӯзӣ, риояи сару либоси тавсиявӣ ва ҳурмату эҳтироми устодону ҳамсабақон даъват намуданд. Дар кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2 др ҳузури устодони варзида, Академики АИТ ҶТ,д.и.т.,профессор Ғоибов А.Ҷ., мудири кафедра Маликов М.Х., ва дигар устодон бо донишҷӯён суҳбати пурмуҳтаво доир намуданд. Дар баромади худ Раҳимова Д.С. таъкид намуданд, он донишҷӯёне, ки дар қайди донишгоҳ ҳастанд, санаи 1- март дар Интихоботи вакилони халқ иштироки фаъолона дошта бошанд.
Декани факултети тиббӣ, д.и.т.,профессор Хоҷаева Н.М.
02.03.2020     251

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php