ТАШРИФИ ҲАЙАТИ МЕҲМОНОН АЗ ШАҲРИ ТОМСК ТАҲТИ РОҲБАРИИ МУОВИНИ ГУБЕРНАТОР БА ДОНИШГОҲ
Дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ роҳбарияти Донишгоҳ ҳайати меҳмононро аз шаҳри Томски Федератсияи Русия таҳти роҳбарии муовини губернатори вилояти Томск ба ҳузур пазируфт.
Дар доираи сафари мазкур мулоқоти расмии ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ бо ҳайати меҳмонон баргузор гардид. Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро дар самти маорифу тибб ва тандурустӣ, инчунин густариши робитаҳои илмӣ ва академӣ байни Тоҷикистон ва Руссия мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ҳаракати академии донишҷӯён ва устодон, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ, мубодилаи таҷриба дар соҳаи технологияҳои инноватсионии тиббӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос барои низоми тандурустӣ равона гардид.
Меҳмонон бо таърих ва дастовардҳои муосири Донишгоҳ шиносоӣ пайдо намуда, аз Маркази симулятсионӣ, озмоишгоҳҳои илмӣ ва пойгоҳҳои клиникии донишгоҳ боздид намуданд. Муовини губернатор сатҳи баланди тайёр кардани мутахассисонро қайд намуда, омодагии худро барои пуштибонӣ аз ташаббусҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба изҳор дошт.
Дар натиҷаи сафар ҷонибҳо изҳор доштанд, ки гуфтугӯро оид ба таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ, ташкили конференсияҳои илмӣ-амалӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ идома хоҳанд дод, ки ҳамаи онҳо ба таҳкими дӯстӣ ва шарикии байни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Русия равона гардидааст.