ИДИ САДА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
“Ҳар кас, ки таърихи гузаштаи худро надонад, ояндаи худро сохта наметавонад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе маҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони Ориёии мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони оирёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷамӯи рӯшнои ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёи дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтаанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расонидаанд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем нахуст аз ҳама моҳияти мақулаҳои хуршед, рӯшнои ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳс ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад. Дар ин бора Пешвои миллат дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст:
«Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлуқа меандохт, ба хусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раду барқ муасир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, хуршед, чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки хуршед дар миёни нажодӣ қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст».
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳамин хусусиятро инсонҳои замони бостон эътироф намуда, аз гармии хуршед баҳра мебурданд ва алоҳида онро ниёиш карда, пасон, рӯшноӣ ва оташро ба он нисбат дода ин усурҳои табииро кашф кардан два ба онҳо эътиқот оварда ба параситишашон оғоз намуданд, ки баъдҳо муҷиби пайдо шудани ҷашни Сада гардидааст.
Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 3000 – то 5000 пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Сада то садаи XII ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он- гулхан афрӯхтан, дар гирди он баъзм оростан ҳанӯз ҳам дар байни мардуми тоҷик ба назар мерасад.
Бо шарофати фарорасии иди Сада мардуми тоҷик ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза менамоянду боғу токзорҳоро яхобмонӣ мекунанд. Ҳамзамон, то омадани Сада усулҳои омодагии замин барои кишт ва таври ғизонок намудани бехҳои дарахтон ба амал меояд.
Таҷлили ҷашну суннатҳои мардумию миллии тоҷик, аз қабили Сада, Наврӯз, Меҳргон барои аз нав зинда намудану ба насли очнда мерос гузоштани нозукиҳои тоҷиконаи он қарзи ҷонии ҳар як фарди солимақли ҷомеаи Тоҷикистонӣ мебошад.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона.