ҶАЛАСАИ ЯКУМИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРАИ ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ДОИР ГАРДИД

ҶАЛАСАИ ЯКУМИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРАИ ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ДОИР ГАРДИД

Санаи 28-уми августи соли ҷорӣ таҳти роҳбарии ректори Донишгоҳ, раиси Шурои олимон, доктори илмҳои тиб, профессор Муҳиддин Н. Д. ҷаласаи якуми Шурои олимони Донишгоҳ дар давраи оғози соли нави таҳсили 2025-2026 баргузор гардид.

Роҳбарияти Донишгоҳ сараввал кадрҳои навтаъиншуда дар вазифаҳои роҳбарикунандаро муаррифӣ намуда, барояшон ҷиҳати содиқона хизмат намудан ва амалӣ гардонидани ҳадафҳои дар пешистода ва дурнамои онҳо ҳидоятҳои муфид доданд. Сипас, ахбори Раёсати таълимӣ-методӣ, деканатҳо ва кафедраҳо оид ба омодагиҳо ба соли нави таҳсили 2025-2026 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, як қатор нақшаҳои кории раёсат, Шурои олимон ва аъзоёни он тасдиқ гардиданд.

Дар фарҷоми кори ҷаласа ректори Донишгоҳ аъзоёни Шуро, ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳассилинро ба истиқболи 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва фарорасии Рӯзи дониш табрику муборакбод намуданд. Даъват ба амал оварда шуд, ки чорабиниҳои дар пешистода бояд дар сатҳи баланд ташкилу баргузор карда шаванд ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли кишвар бо хониши хубу аъло ва ободониву бунёдкорӣ аз ҳоло вусъат дода шаванд.

 

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ

ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ


5
4
3
2
1
28.08.2025 295

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php