ВОРИСОНИ СИНО-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ.
Дар партави сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷавонони кишвар дар ҳамаи самтҳои пешрафти Ватани маҳбубамон саҳми арзанда гузошта истодаанд. Дар баробари дигар қишри ҷавонони мамлакат саҳми ворисони асили Синои бузург- донишҷӯёни МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» низ назаррас мебошад. Донишҷӯёни ин боргоҳи маърифат ҳамчун табибони оянда дар ҳифзи саломатии ҷомеа нақш дошта, чун аҷдодони хеш дар рушди Тоҷикистони маҳбуб камари ҳиммат баста истодаанд. Дар шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар ва пойдории ваҳдати миллӣ табибони ҷавон насиҳатҳои падаронаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи кору фаъолияти ҳаррӯзаи хеш қарор додаанд. Имрӯзҳо бо шарофати ваҳдату якдигарфаҳмӣ, фазои ороми кишвар ва дастгириҳои пайвастаи роҳбари давлат тамоми шароитҳо дар донишгоҳ барои таҳсили босамари донишҷӯён фароҳам оварда шудааст. Аз ин лиҳоз донишҷӯён дар навбати худ барои ғамхориҳои сарвари давлат кӯшиш намуда истодаанд, ки 30- юмин солгарди истиқлолияти давлатии кишварро бо хониши хубу аъло истиқбол гиранд.
Бо ҳамин ҳадаф донишҷӯён бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни беҳтарин мақола дар мавзӯи «Пешвои миллат» фаъолона иштирок намуданд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷавонони донишгоҳ ҳамаҷониба сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ менамоянд. Дар озмуни мазкур донишҷӯи курси 4- уми факултети тиббӣ Ҳомидов Иззатулло сазовори ҷойи дуюм гардида, бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.
Раёсати донишгоҳ низ шогирди фаъоли ин кохи маърифтаро барои сазовори ҷойи намоён гардиданашон табрику муборакбод намуда, дар таҳсили бобарори минбаъдаашон бурдбориҳоро орзу менамоянд.
Шуъбаи тарбия