ВОХУРИИ СУДМАНД
Бо мақсади фаҳмонда додани муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» вобаста ба ваколатҳои комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак санаи 25 –уми феврали соли ҷорӣ бо иштироки кормандони шуъбаи ташвиқотию тарғиботии РБДА – ВКД ҶТ бо донишҷӯёни курси дуюми факултети тиббӣ сӯҳбату вохуриҳои судманд баргузор гардид.
Меҳмононро сардори шуъбаи тарбия Абдураҳмонов З.В. аз номи роҳбарияти донишгоҳ хайри мақдам гуфта, барои баргузор намудани чунин чорабинии муфид изҳори сипос намуданд.
Дар навбати худ Сардори шуъбаи ташвиқотию тарғиботии РБДА-и ВКД ҶТ полковники милитсия Қурбонзода А. вобаста ба афзоиши ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон изҳори ақида намуда, зикр доштанд: «Новобаста аз ғамхорӣ ва дастгирии Ҳукумати кишвар дар самти таробияи насли наврас ҷавонон ва донишҷӯёне ёфт мешаванд, ки ба ҷинояткорӣ ва амалҳои номатлуб даст мезананд.
Танҳо дар 12 моҳи соли 2020 дар миқёси ҷумҳурӣ аз тарафи ноболиғон 754 ҳолати ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли (2019-873) 119 ҳолат ё 15,7% кам мебошад. Дар 754 холати ҷиноят 740-нафар ноболиғон иштирок намуданд, ки аз инҳо : духтарон 39-нафар ва писарон 201 нафар мебошанд».
Дар охири вохӯрӣ байни донишҷӯён ва кормандони шуъбаи ташвиқотию тарғиботии РБДА-и ВКД ҶТ саволу ҷавоб ва табодули афкор сурат гирифт.
Шуъбаи тарбия