Вохӯрии судманд бо донишҷӯён

Вохӯрии судманд бо донишҷӯён

       Санаи 12.11.2019 дар синфхонаи лексионии факултети тиббӣ вохӯрии устодону донишҷӯёни донишгоҳ бо кормандони Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ҳадаф аз ташкилу баргузор намудани ин вохӯрӣ баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии терроризму экстремизм, ҷинояткориву қонуншиканиҳо, оворагардию кирдорҳои зиддиахлоқии ҷавонони замони муосир буда, меҳмонон бо суханронию гузоришҳои пурмуҳтаво ва овардани факту далелҳои исботшуда, донишҷӯёни донишгоҳро барои дурӣ ҷустан аз чунин кирдорҳои номатлуб бори дигар огоҳ сохтанд.

     Дар ҷамъомад Раҷабалӣ Турсунзода–муовини сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ш.Душанбе, Аҳмадзода Ғайрат–сардори шӯъбачаи №1-и кофтукови ҷиноии ш. Душанбе, Исмоилов Абдураҳим–муовини сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони Раёсати корҳои дохилии ш.Душанбе, Иброҳимзода Амир – мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳузур доштанд.

       Вохӯриро муовини ректор оид ба тарбия Қурбонбекова П.Қ. кушода, меҳмононро ба аҳли толор шиносонид.

Сипас, меҳмонон тибқи нақша ва тартиботи муқарраргардида ба сухан баромаданд. Меҳвари асосии суханрониҳо масоили сиёсӣ, терроризму экстремизмро фаро гирифта, аҳли толор аз оқибатҳои фоҷеаовару нангини ин зуҳуроти номатлуби аср боз ҳам аз наздиктар ошно гардиданд.

         Дар фарҷоми ҷамъомад аз ҷониби меҳмонон ба муовини ректор оид ба тарбия Қурбонбекова П.Қ., сардори Шӯъбаи кор бо ҷавонон Шарипов Қ.О., раиси КИК-и донишҷӯён Саидов Искандар ва сардори минтақаи хизматии ШКД-и ноҳияи И. Сомонӣ-Олимов Маҳмадюнус барои ҳамкориҳои фаъолона ва пайвастаашон сипосномаю ифтихорномаҳо иқдом гардид.

 

Шуъбаи тарбия ва фарҳанг


Вохӯрии судманд бо донишҷӯён
Вохӯрии судманд бо донишҷӯён
Вохӯрии судманд бо донишҷӯён
Вохӯрии судманд бо донишҷӯён
13.11.2019 835

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php