Вохӯриҳо дар партави Паём

 Вохӯриҳо дар партави Паём

Паёмҳои Пешвои миллат, воқеан, барномаи корие барои рушди бемайлони кишвари азизамон буда, аз як тараф, натиҷаҳои бадастомадаи як соли гузаштаро ба баррасӣ кашида, аз тарафи дигар барномаву ҳадафҳои заруриро барои як соли дигар ба миён мегузорад. Гузашта аз ин, Пешвои миллат дар Паёмҳои худ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, пешрафту инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, маориф, фарҳанг ва дигар ҷанбаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд. Ҳамин аст, ки баъд аз ҳар Паём давраи нави пешрафту гулгулшукуфоии кишвар ба амал меояд ва аз Паём то Паём ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳимми кишвар ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, ҳамзамон, барои беҳтару хубтар намудани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии мардум корҳои зиёде ба анҷом расонида мешаванд. Ба таъбири дигар, Паём ҳамчун муҳаррике мебошад, ки ҳамасола суръати чархиши механизми давлату давлатдориро меафзояд ва барои амалӣ гаштани ормонҳои чандинасраи миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26-уми декабри соли ҷорӣ сурат гирифт, бори дигар исбот намуд, ки ҷомеаи кишвар бо раҳнамоиҳову ҳидоятҳои Пешвои худ дар расидан ба ҳадафҳои рушди бемайлони худ комёб шудааст. Аз ҷумла, Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ таъкид намуданд, ки «Мо ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодаем.»

Чунин буд муҳтавои вохӯрии машваратӣ-омӯзишии донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо намояндагони мақомоти давлатии кишвар, ки бо ташаббуси Муовинати корҳои тарбиявӣ ва фарҳангӣ ва бахши кор бо духтарону занони донишгоҳ санаи 14-уми феврали соли ҷорӣ баргузор шуд. Дар вохӯрӣ Парвина Қамчибековна- муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва фарҳангӣ, Узакова Адолат Ҷураебоевна – собиқадори меҳнат, Судобаи Мукаррама- муовини Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Мадина Тошева- намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хоҷаева Гулнора Бобоевна иштирок намуданд.

Адолат Ҷурабаевна- собиқадори меҳнат бо баррасии пешрафту дастовардҳои даврони истиқлолияти кишвар, ба нақши Паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд. Ӯ аз ҷумла, қайд кард, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ бори дигар ба масъалаи рушди соҳаи тандурустии кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, баробари пешрафти ҳамасолаи ин соҳа, ба камбудиҳои ҷойдошта низ эроди ҷиддӣ гирифтанд. Ҷунончӣ «Яке аз масъалаҳое, ки бо вуҷуди таъкидҳои доимӣ ислоҳ нашуда истодааст, ҳоло ҳам паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон мебошад..», гуфта шуд дар Паёми имсола. Чун Шумо табибони ояндаи ин сарзамин ҳастед, бояд дар баробари омӯзиши пешаи интихобнамудаи хеш, мактаби одаму одамгариро низ гузаред-гуфт Адолат Ҷурабаевна. Зеро Шумо натанҳо бо доруву дармон, бо сухан низ беморонро табобат менамоед, бинобар ин одоби муоширати табиб ва фарҳанго волои ӯ бояд дар мадди аввал қарор гирад.

Судобаи Мукаррама- муовини Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон низ ба созандагии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар таъкид намуда, аз ваҳдати Миллӣ сухан гуфт. Дар ҳақиқат ваҳдати Миллӣ шукуфоии ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад. Маҳз бо кушишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Чун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бояд имрӯз бо сулҳу ваҳдати кишвари азизамон бифахрем ва ифтихор намоем, хклоса кард Судобаи Мукаррама.

«Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем»- ин суханоне буд, ки Пешвои миллат дар Паёми имсола бо муроҷиат ба зонони кишвар, ироа намуданд. Мадина Тошева, ки ба намояндагӣ аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрӣ ҳузур дошт, дар суханронии худ бо такя ба Паёми имсола, гуфт, ки имрӯз шумораи занон дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзоиш ёфта, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 25 фоизро занону духтарон ташкил медиҳанд. Ин намояндаи Кумитаи занон гуфт, ки Кумитаи мазкур чун пешбарандаи сиёсати гендерӣ дар кишвар, масъалаи ба вазифаҳои роҳбарӣ пешбарӣ намудани занонро дар мадди аввал гузошта, дар ин самт барномаҳои хосе рӯи кор гирифтааст. Дар идомаи суҳбат Мадина Тошева ба масъалаи афзоиши омори бекор гардидани ақди никоҳи шаҳрвандони кишвар дар солҳои охир таъкид намуда, онро нигаронкунанда арзёбӣ намуд. Барои ҳалли масъалаи мазкур, пеш аз ҳама бояд фарҳанги оиладорӣ ва мартабаи касбу илмомӯзиро миёни ҷавонон, бахусус духтарон боло бардорем, таъкид намуд намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Парвина Қамчибековна- муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг аз меҳмонон барои чунин вохӯрии арзишманд ва бомуҳтаво аз номи Роҳбарияти донишгоҳ ва донишҷӯёни ҳузурдошта изҳори сипос намуд. Ӯ таъкид кард, ки аз Паёми Пешвои миллат бармеояд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди ҳамаҷонибаи кишвар талош намуда, дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.

 Зуҳра Турсунова,  Шуъбаи иттилоот ва нашрия


1
2
3
15.02.2019 943

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php