Вохӯрӣ бо донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда

Вохӯрӣ бо донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда

12.11 соли 2020 дар хобгоҳи №5 муаллимони донишгоҳ бо донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда вохӯрӣ гузарониданд.

Муовини декан тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунандагон Иргашева Ҷамила Зокировна ва раиси Шӯрои бонувон Ҳоҷиева Гулнора Бобоевна аз тозагии ҳуҷраҳо диданӣ карда оиди риояи реҷаи дарунихобгоҳӣ суҳбат гузарониданд. Дар бораи коронавирус, вируси мавсимӣ, бемории ВНМО, риояи масофаи иҷтимоӣ ва гигиенаи шахсӣ ба донишҷӯён хотиррасон карда шуд.

Мудири кафедраи гистология Соҳибова З.Н. пеш аз гузаронидани имтиҳони гистология бо донишҷӯёни курси 2 факултети тиббӣ суҳбат гузаронида оиди қоидаҳои имтиҳонсупорӣ, тайёрӣ дидани донишҷӯён ба имтиҳон суханронӣ намуд.

Дар асоси қарори ҷаласа дар кафедраи гистология машваратҳо оид ба мавзӯъҳои машғулиятҳои амалӣ, ҷамъбастӣ ва саволҳои мушкилфаҳм аз тарафи устодони кафедра мувофиқи ҷадвал навбатдорӣ ташкил шудааст.

Сессияи имтиҳонӣ дар кафедраи гистология бо низомӣ кредитӣ-модулӣ дар маркази ягонаи тестии МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мегузарад.

Донише, ки донишҷӯён дар кафедра пайдо мекунанд, барои табибони оянда лозим ва зарур мебошад, чунки усулҳои зиёди тадқиқотии гистология дар амалияи клиникӣ хеле васеъ истифода бурда мешавад.

Донишҷӯён ба Соҳибова З.Н. миннатдории худро баён намуданд.       

Шӯрои бонувон

Муовини декан тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунандагон


2
1
17.11.2020 467

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php