ҲУШЁР БОШ, КИ КАБИРӢ МУСУЛМОН ШУДАНӢ НЕСТ!

ҲУШЁР БОШ, КИ КАБИРӢ МУСУЛМОН ШУДАНӢ НЕСТ!

Ислом баробарии инсонҳоро дар се самт муқаррар намудааст.

1.     Баробарӣ дар асли инсоният

2.     Баробарӣ дар ҳукук ва таколиф

3.     Баробарӣ дар назди додгоҳҳо ва иҷрои қонунҳо

Саволе ба миён меояд, ки кадоме аз ин баробарии инсонҳо дар замири ифротиёни наҳзатӣ вуҷуд дорад??. Ислом дини ақлу дониш аст ва онро бояд ба таври ҳақиқат пай бурд. Исломро замоне   ҳифз карда метавонем, ки он ба воситаи ақл ва таълимоти ақлигароёна пайдо шудааст ва онро инсоният қабул кардааст ва ҳақиқати онро пай мебарад, вале натиҷаи бо қатлу ғорат ва баҳонаи ғасб намудани ин ё он сарзамин ва бо зурӣ онро ҷорӣ намудан натиҷаи ифротгароиро пайдо менамояд. Ё худ Худованд дар китоби Қуръон мефармояд: «Эй мардум мо Шуморо мард ва зан офаридаем. Ва шуморо халқҳо ва қабилаҳо кардаем, то якдигарро бишносед» (Сураи «Ҳуҷурот» ояи 13). Мутаасифона имрӯз гурӯҳҳои ифротгаро дини мубини Исломро ба сипари хеш табдил дода, мехоҳанд бо ин роҳ мусулмононро ба шӯр андозанд. Ҷаҳони Ислом имрӯз ба илму дониш ниёз дорад на ба ҳизбу ҳаракатҳои бадномкунанда.

Ҳақ бар ҷониби соҳибгуфторе, ки фармудаанд:

Дар забон тасбеҳу дар дил гову хар,

Ин чунин тасбеҳ кай дорад асар.

Бешубҳа ин гуфтаҳо асоси воқеӣ доранд ва кас бовар мекунад, ки ин мисраҳо ба Кабирии хоин ва ҳизби тахрибкоронаи ӯ бахшида шудааст.

Шуъбаи тарбия


04.03.2021 427

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php