ТОҶИКИСТОН – ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ТАЪРИХ
Бо ташаббуси созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бори дигар собит гашт, ки тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунофар шинохта шудаанд ва Тоҷикистон- хонаи умеди тоҷикистониён, осорхонаи зиндаи таърих ва макони сайёҳӣ ба шумор меравад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон ин сарзамини аҷдодии миллати куҳанбунёдро чунин тасвир намудаанд, ки «Тоҷикистон, алҳақ, неъмати худодод, як муҷизаи табиат, як порчаи биҳишти рӯи замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, обҳои софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад».
Бо мақсади тамошои табиати нотакрор ва мероси таърихии як гӯшаи Тоҷикистон - шаҳри бостонии Ҳисори Шодмон бо ташаббуси шуъбаи тарбия ва кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ омӯзгорону донишҷӯён аз осорхона ва қалъаи Ҳисор дидан намуданд. Боду ҳавои софу беғубор, мероси ниёгон ва симои ин шаҳр, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар таровати нав гирифтааст касро дар ҳайрат мемонад.
Санги кӯҳсор аст тоҷу тахти ту,
Ҳам макон, ҳам ошёни рахти ту.
Дар замини камзаминат ин сафар.
Сар кашида офтоби рахти ту,
Шукри ту эй Тоҷикистони азиз!
Меҳрпарвар модари ҷони азиз.
Шуъбаи тарбия
Кафедари фанҳои ҷомеашиносӣ