Тарзи ҳаёти солим

Тарзи  ҳаёти солим
07-уми апрели соли 2020 дар толори хониши кафедраи тибби ҳарбии бинои нави шаҳраки «Шифобахш» бахшида ба Рӯзи тандурустии умумиҷаҳонӣ бо донишҷӯдухтарони курси 3 ва 4 факултети тиббӣ дар мавзӯи «Тарзи ҳаёти солим» чорабинӣ гузаронида шуд.
Аз тарафи Раиси Шӯрои бонувон Ҳоҷиева Г.Б оиди татбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ва дигар барномаҳои қабулшудаи давлатӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд. Нақши ҷавондухтарон ҳамчун мутахассисони оянда дар тарғиби тарзи ҳаёти солим, солимии ҷомеа қайд шуд ва гуфта шуд, ки пешгирии бемориҳои гуногун ин пеш аз ҳама риояи тарзи ҳаёти солим мебошад.
Аъзои фаъоли Шӯрои бонувон донишҷӯдухтарони курси 4 факултети тиббӣ Абдусамирзода Г., Бердиева М., Азизова М., Қаюмова С., дар баромадҳои худ оиди чорабиниҳои тарғиботӣ – ташвиқотии тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маърифати тиббии шаҳрвандон, роҳҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, истифодаи ғизои солим, бурдани ҳаёти ҷисмонии фаъол, беҳдошти шахсӣ ва ҷамъиятӣ посух доданд.
Аз тарафи донишҷӯдухтарон пешниҳодҳо ва гузоришҳо шуданд.

Шӯрои бонувон

13.04.2020 355