ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲИ ТИББӢ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲИ ТИББӢ

 «Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ интизор буд ва умед мекашид, ки аз Мовароуннаҳр боз нафаре пайдо хоҳад шуд, ки тамоми форс-тоҷик-даризабононро аз нав дар Шарқ муттаҳид менамояд. Имрӯз ман мегӯям, ки он нафар Сарвари давлати Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аст». (Офтоби Асғар–профессори донишгоҳи ховаршиносии Панҷоби Покистон).

Бо ифтихору шукргузорӣ аз ҳуқуқбунёдӣ ва соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон имрӯзҳо давлату миллати мо бо таъриху фарҳанги қадимии худ маъруфи ҷаҳон гаштааст. Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ба мо имконият дод, ки дар ҷомеаи навини ҷаҳонӣ баробари дигар давлатҳои дунё ҳамчун як миллати соҳибтамаддун муаррифӣ гардем. Ҳамаи ин дастовардҳои бузурги кишвар бо шарофати абармарди миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи тоҷиконро дар саҳифаи таърих ҳамчун миллати сулҳофар бо хатти заррин сабт намуд.

Маҳз дар Иҷлосияи тақдирсози мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд.

Дар лоиҳаи қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст. Ин қонун ба хотири хизматҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар густаришу ободкориҳои сарвари давлат, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст.

Ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни сарвари давлатамон ва бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби бахши маркетинги Хадамоти ректори МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббӣ Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино" шуруъ аз 12-уми ноябри соли равон дар донишгоҳ як қатор ҷамъомаду чорабиниҳои нақшавӣ роҳандозӣ гардид.

Санаи 12-уми ноябр дар ҳамкории бахши маркетинг бо КИ ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ дар донишгоҳ миёни донишҷӯёну муҳасилини муассисаҳои олию касбии кишвар озмуни "Таронаи Пешво" баргузор гардид, ки дар он аъзои дастаи "Шифо" Ғаюрова Шукрона ва Гифти Селвираҷ иштирок намуданд. Қайд кардан ба маврида аст, ки Ғаюрова Шукрона дар ин озмун бо сароидани суруди "Сад шукр, ки мо Тоҷикистон дорем" бар матни Нуруллоҳи Ориф ва оҳанги Файзов Э.М. сазовори ҷойи дуюм гардид.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон дар тамоми кафедраҳои донишгоҳ низ ҷашн гирифта шуд. Аз ҷумла санаи 14-уми ноябри соли равон дар ҳамкории бахши маркетинги Хадамоти ректори донишгоҳ бо кафедраи травматология, ортопедия ва ҷароҳии ҳарбии саҳроӣ маҳфили зеҳнӣ-фарҳангӣ миёни донишҷӯёни кафедра гузаронида шуд. Дар ин маҳфил аъзои дастаи "Шифо" бо суруду таронаҳои ватанпарваронаи худ хотири ҷамъомадагонро шод намуда, ба чорабинӣ фазои идона бахшиданд.

Санаи 16-уми ноябр дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби раёсати  донишгоҳ ва бахши маркетинги хадамоти ректор дар Боғи зимистонаи МТ шаҳраки «Шифобахш» ҷамъомади тантанавии бошукуҳи фарҳангие бо иштироки доираи васеи устодону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Ҷамъомадро муовини ректор оид ба илм ва нашрия д.и.т., профессор Муҳаббатов Ҷ.Қ. ифтитоҳ бахшида, оид ба ҷашнгирии Рӯзи Президент ва хизматҳои шоистаи Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон суханҳои арзандае гуфт.

Сипас, мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ доктори илмщои фалсафа, профессор Саидов А.С. оид ба таърихи давлатдории тоҷикон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои замони истиқлолияти давлатӣ ва пойдории ваҳдати миллӣ, ки ҳамаи ин бо шарофати сарвари олии давлат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ибрози назар намуд. Мавсуф ба аҳли нишаст таъкид намуд, ки новобаста аз шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мо мардуми тоҷик бояд шукрони ваҳдату ободии кишварро намоем. Имрӯзҳо мо-ҳамагӣ тавассути ахбори омма шоҳиди даргириҳои якчанд давлатҳои абарқудрат гаштаем. Шукр, ки дар Тоҷикистони биҳиштосои мо ваҳдати миллӣ ҳукмфармост. Ва ҳар як фарди соҳибдили кишвар дар атрофии сарвари ватандӯсту сулҳофар ҷамъ омадаю баҳри ободии ин сарзамин саҳмгузорӣ менамоянд. Бо ифтихор метавон гуфт, ки Президенти мо Президенти мардумист. Халқ ӯро интихоб карда бо боварии комил ва умеди ояндаи дурахшони ватан дар бари президенти худ бо номуси ватандорӣ рост меистанд.

Баъдан бо даъвати ровии чорабинӣ сухани навбатӣ ба Директори китобхонаи донишгоҳ д.и.ф. Расулӣ С.М. дода шуд. Расулӣ С.М. зимни суханронии худ оид ба намоиши асарҳои Президенти Тоҷикистон, ташаббусҳои Пешвои миллат ҷиҳати ҷалби ҷомеаи кишвар ба китобхонӣ, донишандӯзӣ ва ғайра дар мисоли китобҳои ба табърасонидаи Пешво ва озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» суҳбат орост.

Дар фосилаи миёни маърӯзачиён дар иҷрои дастаи «Шифо»-и донишгоҳ сурудҳои ватандӯстона ва васфгари Президенти кишвар пешкаши ҳозирин кунонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин чорабинӣ намоиши асарҳои Президенти мамлакат ва гӯшаи рамзҳои давлатии кишвар низ роҳандозӣ гардида шуд.

Чорабинӣ аз ҷониби шабакаҳои телевизионӣ наворбардорӣ шуда, ҳамзамон масъулони шабакаҳо аз устодони донишгоҳ оид ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматҳои бесобиқаи ӯ баҳри ободии кишвар мусоҳиба намуданд. Фишурдаи сабти чорабинӣ шоми рӯзи 16-уми ноябри соли равон тариқи барномаҳои хабарии шабакаҳои телевизионӣ дар назар аст.

Бахши маркетинги иҷтимоии Хадамоти ректори донишгоҳ


5
4
3
2
1
16.11.2020 551

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php