Суҳбат-вохӯри бо донишҷӯён-истиқоматкунандагони хобгоҳҳои № 4 ва 7
Тибқи нақша-чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва аврзиш, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон оид ба раванди татбиқи қонунҳои ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО/БПНМ, нашъамандӣ, сил, КОВИД-19, ҳолатҳои номатлуб, ҳамзамон расонидани машварати тиббӣ ба ноболиғону ҷавонон вобаста ба солимии репродуктивӣ - 2 декабри соли 2020, соати 17:30 дар толори калони хобгоҳи №7 вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ намояндагон аз сохторҳои дал боло зикрёфта, муовини ректор оид ба тарбия Қурбонбекова П.Қ., Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён Саидов И.С., коменданти хобгоҳи №7 ва беш 150 нафар донишҷӯён иштирок доштанд. Дар вохӯрӣ аз ҷониби мутахасисон оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, нашъамандию нашъаҷалобӣ, пойдории оилаи солим ва зуроварӣ дар оила маърузаи пурмухтаво пешниҳод карда шуданд. Дар охир саволу ҷавоб миёни донишҷӯён ва аҳли раёсат баргузор гардид, ки донишҷӯён ба саволҳои худ ҷавобҳои возеҳу равшан гирифтанд.
Муовинати тарбия,
Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён