Суҳбат оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбати занон

Суҳбат оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбати занон

08.12. соли 2020 дар толори хониши бинои 6 МД ММТ ҶТ бо донишҷӯдухтарони курси 3 ва 6 факултети тиббӣ, интернҳо ва ординаторони клиникӣ чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат нисбат ба занон гузаронида шуд.

Суханронии ифтитоҳӣ аз ҷониби Шӯрои бонувон Ҳоҷиева Г.Б. доир ба ҳимояи ҳуқуқи оила ҳамчун асоси оила, пешгирии зӯроварӣ дар оила, намудҳои зӯроварӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон, илму маърифати баланд доштани занону духтарон, гардид.

Баромади муаллима аз Донишкадаи исломии ба номи Абӯҳанифа Раҳимова Раҳима “Маҳкум кардани зӯроварӣ нисбат ба зан дар фармудаҳои Қуръон ва ҳадисҳо” бо презентатсия пешкаши шунавандагон гардид. Оиди хушунати маънавӣ – равонӣ, ҷисмонӣ, шаҳвонӣ, иқтисодӣ суханронӣ шуд. Вазифаҳои мард ва зан, хусусиятҳои онҳо, муносибати онҳо аз нигоҳи фармудаҳои Қуръон хеле возеҳ фаҳмонда дода шуд. Солҳои охир вайроншавии оилаҳо аз 10 ҳазор то 15 ҳазор дар 1 сол зиёд шудааст, ки дида баромадани сабабҳои пошхӯрӣ хеле бомаврид аст.

Аз тарафи донишҷӯдухтарон саволҳои зиёд дода шуданд, ки ба онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Аз кафедраи ҷомеашиносӣ муаллима Сафарова Матлуба дар мавзӯи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” баромад намуда, қайд намуд, ки дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳимояи ҳуқуқи занҳо аз хушунат дар оила, ҳамчунин баробарии ҳуқуқи зану мард дар ҳама масоили иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст. Аз мушоҳидаҳо маълум гашт, ки оилаҳое, ки зану мард босаводанд, муҳити хона созгор мешавад ва нофаҳмиҳо камтар ба назар мерасанд.  

Шӯрои бонувон


11.12.2020 175