Солимии ҷомеа боигарии давлат аст
Дар Маркази таълимӣ, илмӣ-клиникии “Стоматология”, кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ бо иштироки донишҷӯёни курси 2 гуруҳи 2 дар мавзӯи “ Коронавирус ва ҷанбаҳои тарзи ҳаёти солим”мизи мудаввар бо роҳбарии асистенти ҳамин кафедра Таибов С.А. баргузор гардид. Дар он донишҷӯи факултети стоматологи Шоназаров Шомил баромад намуда афзуд, ки саломатӣ асоси некӯаҳволии инсоният, шахс, оила ва ҷамъият ба шумор меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамоянд, ки «Солимии ҷомеа боигарии давлат аст».
Вируси нав бо номи COVID-19, ки тавассути ҳаво аз як нафар ба нафари дигар интиқол меёбад, мавриди таҳқиқи олимони варзидаи ҷаҳон қарор гирифтааст. Дар ин масъала аз ҷониби табибон барои пешгирии вируси мазкур тавсияҳои зиёд пешниҳод шудаанд.
Вобаста ба ҳамин дар сиёсати имрӯзаи давлати тоҷикон ташаккули тарзи ҳаёти солим бо иштироки ҷомеаҳо дар ҳалли масъалаҳои бахши тандурустӣ дар давраи хатари вируси COVID-19 аҳамияти муҳим дода мешавад. Танҳо тавассути сафарбар намудани саъю кӯшиши бахшҳои гуногун ва ҷомеаҳо тарзи солими ҳаётро таъмин ва барои саломатӣ муҳити мусоидро фароҳам овардан мумкин аст.
Табибону мутахассисони соҳа тавися медиҳанд, ки то аз байн рафтани ин беморӣ ҳамагонро мебояд, баҳри муҳофизати худ аз қоидаҳои умумие, ки зарурист, риоя намоянд. Ба мисоли рӯкаш намудани узвҳои нафаскашӣ, шустани дастон пеш аз истеъмоли ғизо ва дигар талаботи тавсиявӣ.
Манбаи касалии гузаранда шахси бемор ё шахси солими паҳнкунандаи беморӣ буда, ба муҳити атроф микроорганизмҳо ҷудо мекунад, ки ба воситаи ҳаво ҳангоми атсазанӣ, сулфидан, истифодаи ашёҳои умумӣ, бо маҳсулоти хӯрокӣ ва об, бо даст салом кардан, бӯсидани якдигар ба организми одамони сиҳат роҳ меёбанд. Барои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ дар ҷойҳои серодам, ҷои дарсомӯзӣ, нақлиёт, ҳаргуна чорабиниҳо аз ниқобҳои муҳофизатӣ ва ғайра истифода бурдан лозим аст. Дастатонро бо собун ва об шӯед. Аз дастфишорӣ ва рӯй бусӣ худдорӣ кунед. Ба дараҷаи кофӣ оби ҷӯш ва ҷӯшонидашуда нӯшед.
Дар охири нишаст таъкид гардид, ки вобаста ба оғози соли нави таҳсил, аз ҳамаи донишҷӯён тақозо мегардад, ки бо дарки масъулияти шаҳрвандии хеш ва дар ҳамҷоягӣ бо Раёсати донишгоҳ, ҳар иқдоме, ки дар ин самт гирифта мешавад, риоя намоянд.
Шуъбаи иттлоот ва робита бо ҷомеа