Солимии ҷавонон-солимии миллат
Тибқи нақша-чорабиниҳои Шуъбаи кор бо ҷавонон бахшида ба «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зиддӣ ВНМО» дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ш. Душанбе бо мақсади пешгирии ҷавонон аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО/БПНМ аксияи солимгардонию фаҳмондадиҳӣ бо номи «Солимии ҷавонон - солимии миллат» баргузор шуд.
Дар доираи аксияи мазкур волонтёрони шуъбаи кор бо ҷавонон бо хонандагони муассисаи мазкур сӯҳбат-вохӯрӣ анҷом доданд. Зимни сӯҳбат доир ба ВНМО/БПНМ, сироятёбӣ ва оқибатҳои он, инчунин роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ маълумот пешниҳод ва дастурамалҳои иттилоотӣ марбут ба ин вабои аср тақсим карда шуданд. Дастурамалҳои иттилоотӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи огаҳии мардум, бахусус ҷавонон дар бораи ВНМО/БПНМ ва паст намудани сироятёбӣ ба он нақши муҳимро бозида, ҳамаи қишрҳои ҷомеаро аз ин вабои аср ҳушдор медиҳад. Ҷаласаи мазкур аз тарафи хонандагону омӯзгорони муассисаи номбаршуда хело хуб пазируфта шуд.
Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон - Шарифов Қ.О.