Силсилавохӯриҳои судманд бо намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва ВКД

Силсилавохӯриҳои судманд бо намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва ВКД

Санаи 2 – юми марти соли равон садорати факултети фармасевтӣ, мудирон ва ҳайати омӯзгорони кафедраҳои тахассусӣ ва донишҷӯёни ҳамаи курсҳои факултет дар вохӯрӣ бо намояндагони раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ш. Душанбе, ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ ва шӯъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар толори бинои навтаъмири фармасевтӣ иштирок намуданд. Вохӯрии мазкур тибқи нақшаи кории якҷояи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ ва ВКД ҶТ дар доираи лоиҳаи “Хониши сиёсӣ” ки дар тамоми муассисаиҳои таҳсилоти олии кишвар баргузор мегардад, ташкил ва гузаронида шуд.

Мақсади асосии вохӯрии мазкур пеш аз ҳама гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ дар байни ҷавонон – донишҷӯён ва бедор намудани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ ва пешгирӣ намудани онҳо аз гаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва экстримистӣ ба шумор меравад.

Дар вохурии мазкур намояндаи ШВКД дар н. И. Сомонии ш. Душанбе майёри милитсия Суфиев Ф., мутахассиси бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши  ш. Душанбе Раҳматова М., сардори Шӯъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Шарипов Қ.О. баромад намуда, ҳозиринро барои дарки дастоварду пешравиҳо ва минбаъд барои саҳмгузорӣ дар гулгулшукуфоии минбаъдаи Ватани азизамон ташвиқ намуданд. Ҳамчунин, оид ба саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардида, аз заҳматҳои шабонарӯзии Ҷаноби олӣ барои рушду нумӯи Тоҷикистони биҳиштосо ёдоварӣ карда шуд. Баъдан, бо донишҷӯён саволу ҷавобҳои судманд сурат гирифт. Дар интиҳои пурсишу посух донишҷӯи курси 2 – юм, Сатторова Таиса баромад намуда, аз номи худ ва дигар донишҷӯёни иштирокдошта ба баргузоркунандагони ҷамъомади мазкур изҳори миннатдории худро баён намуда, дастгирии ҳамаҷонибаи Роҳбарияти олии кишварро аз ҷониби ҷавонон амри зарурию саривақтӣ арзёбӣ кард.

Дар охир, декани факултети фармасевтӣ н.и.т., дотсент Юлдашева У.П. баромад намуда, меҳмононро аз номи роҳбарияти донишгоҳ, ҳайати профессорону омузгорон ва донишҷӯёни факултет хайрамақдам гуфтанд ва зикр намуданд, ки ҳамаи мо бояд сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона дастгирӣ намоем, шукронаи неъмати сулҳу амонии Ватанро ба ҷо орем ва барои боз ҳам рушду инкишофи сарзамини биҳиштосоямон кӯшишу ғайрати бештар намоем.

Садорати факултети фармаевтӣ


Силсилавохӯриҳои судманд бо намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва ВКД
Силсилавохӯриҳои судманд бо намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва ВКД
04.03.2021 453

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php