«Шифо» дар меҳмонии радио

«Шифо» дар меҳмонии радио

Дар фасли баҳор, айёми гулпӯшии табиат сабзидани дашту даман таҷлили ҷашни пуршукуҳи «Рӯзи Модар» ин худ пайкест аз поксириштию некбинии занону модарони гиромиқадр. Алҳақ модаронро метавон нерӯи созандаю тавонманд ва таконбахши ҷомеа ҳисобид. Зеро маҳз модар метавонад бо дили гарму дасти нарм ва дуои хайри худ ба атроф  гармӣ бахшид.

Ҳамасола дар баробари дигар давлатҳои ҷаҳон мардуми тоҷик низ ҷашни Рӯзи модаронро бо шукуҳу шаҳомат ва қадрдонии назаррас таҷлил менамоянд.

Ба ҳамин муносибат санаи 05.03.2021 дар радиои фарҳанг як барномаи мустақими хуби адабию фарҳангӣ ва идонае таҳти унвони «Ҷаҳоноро» баргузор гардид. Дар ин барнома дар баробари ҳунармандону шоирон ва намояндагони касбу кори гуногуни кишвар, инчунин аъзои дастаи «Шифо»-и МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» Гифти Селвираҷ, Ғаюрова Шукрона, Раҷабова Уғулой ва мутахассиси бахши маркетинги иҷтимоии Хадамоти ректори донишгоҳ Сулаймонова Н.С. низ иштирок доштанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки намояндагони донишгоҳ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ҳиндӣ суханронӣ намуда, тамоми бонувону модарони тоҷик ва дар симои онҳо бонувони ҷаҳонро бо идашон муборакбод гуфтанд.

Гифти Селвираҷ, ки донишҷӯ аз Ҷумҳурии Ҳиндустон аст аввалан бо забони тоҷикӣ худро муаррифӣ карда, ба бонувони тоҷик тансиҳатию хушбахтӣ таманно намуд, ки аҳли толор бо самимияти бепоён қабул сохтанд.

Сипас бо муаррифӣ ва пешниҳоди муҳаррирони барнома Гифти Селвираҷ бо сурудҳои «Алла», «Шукри обат», Ғаюрова Шукрона суруди «Пешво» ва Раҷабова Уғулой суруди «Мама» фазои фарҳангии маҳфилро боз ҳам қабои идона бахшиданд. Боиси зикр аст ҳунармандони маъруфи кишвар Дона Баҳром, Моҳрухсор Сафиева, Сангалӣ Мирзоев ва Файзигул Юсупова ба ҳунару маҳорати аъзои дастаи «Шифо»-и МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки ҳамеша барои ҳамкорӣ бо ин дастаи бениҳоят бомаҳорат омодаанд.

Дар интиҳо, ҳайати гуруҳи эҷодии радиои фарҳанг, ба хусус роҳбари он Ҷонибеки Асрориён ба раёсати донишгоҳ, хусусан ректори муассиса муҳтарам Гулзода М.Қ. барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди фарҳанги донишҷӯён дар муассиса, ба вижа ба шаҳрвандони хориҷӣ омӯзонидани забон ва фарҳанги  миллати тоҷик изҳори миннатдорӣ баён карда, донишҷӯёни донишгоҳро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.

Бахши маркетинги иҷтимоӣ   


05.03.2021 458

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php