САРСАБЗИИ ПОЙТАХТ – МАРОМИ МОСТ!

САРСАБЗИИ ПОЙТАХТ – МАРОМИ МОСТ!

Дар партави сиёсати ободкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва сазовор таҷлил намудани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои пойтахти азизамон шаҳри Душанбе рӯз то рӯз зебо гардида истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми кишвар якдилона сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ менамоянд. Имрӯзҳо тамоми сокинони пойтахт муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро дар масъалаи ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахти мамлакатро сармашқи фаъолияти шаҳрнишинии хеш қарор дода, ҳамарӯза дар кабудзоркунии гирду атрофии маҳалҳои аҳолинишин саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Бо ҳамин мақсад санаи 07.12.2020 кормандони қисми тарбиявии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» зери роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Қурбонбекова П.Қ дар якҷоягӣ бо кормандони қисми хоҷагӣ атрофи мавзеъҳои аҳолинишини воқеъ дар назди хобгоҳи 7-ум 30 адад ниҳолҳои ороишии ҳамешасабзро шинонида, дар кабудзоркунии як қисмати ноҳияи Синои пойтахт саҳми арзанда гузоштанд.

Шуъбаи тарбия


3
2
1
08.12.2020 544

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php